Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД

11 марта 2022 10:03

Количество просмотров: 4340

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими маҳнат) оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи кори Олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад, давоми мантиқии дастгириҳои иқдому ташаббусҳои наву тоза дар соҳаи маориф арзёбӣ гардида, он баҳри дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмию амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии насли наврас роҳандозӣ карда шудааст.”
Дар даври шаҳрии олимпиада дастаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, нахуст донишҳои назариявии худро тавассути супоридани санҷишҳои тестӣ ва нақшакашӣ манзур намуданд.
Дар назар аст, дар идомаи кори олимпиада довталабон лоиҳаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, инчунин тибқи супоришномаҳо корҳои амалиро иҷро намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими маҳнат) фардо, 12 март низ идома меёбад.

275558286_504756634373346_6431607552604321600_n.jpg