ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҒОЛИБИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ "ҶИЛОИ ДОНИШ" МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТИППИ НАВИ НОҲИЯИ СИНО ДАР СОЛИ 2025
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 9 апрели соли ҷорӣ дар МД “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бар...
Санаи якуми апрели соли 2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ғолибони Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix-Asia 2025 сурат гирифт. Дар маросими пазироӣ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директорони муассисаҳои таълимии кишвар, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн ширкат варзиданд. Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix-Asia 2025 аз 29 то 31-уми март дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи 9 категория баргузор гардид, ки дар он 4 нафар хонандагони МДТ "Литсейи...
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон» баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд. Роҳбари Созмони хонандагони Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Усмонов Абдулхайр Асрорович дар Озмун аз худ донишу малакаи баланди кордон...
ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «КАШФИ ОЛАМИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУСИЯ 31 январи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои иштирокчиёни сеюмин Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ», ки дар Ҷумҳурии Беларусия баргузор гардид ва дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии кишвар, инчунин омӯзгорон ишт...
Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков санаи 13-17 январ миёни 15 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Булғористон, Туркманистон, Тоҷикистон, Руминия, Беларус, Сербия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Муғулистон дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 700 нафар хонанда баргузор гардид. Дар ин Олимпиада хонандаи синфи 10-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" ЮСУПОВ МЕҲРУБОН аз фанни математика фаъолона иштирок намуда сазовори медали биринҷӣ гардид. ...
Баргузор намудани Шурои Созмони хонандагон дар Литсейи президентӣ оиди дар сатҳи баланд таҷлил намудандани 25 солагии таъсисёбии Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ
Санаи 25.12.2024 дар МД "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" барои ғолиб гардидани ҷойи 2-юм дар номинатсияи "Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нави дар ҳаракати олимпӣ фаъоли ноҳия", фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолона ва дастовар...
19-уми декабри соли 2024 дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ Дар чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чор...
ЗИЁЕВ ҲУЗУРИДДИН- ДОНИШҶӮИ КУРСИ 5-УМИ ИХТИСОСИ ГЕОГРАФИЯ -БИОЛОГИЯИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ БАРОИ ТАЙЁР КАРДАНИ ШОГИРДОН ДАР ОЛИМПИАДАЮ ОЗМУНҲО БА ГИРИФТАНИ "АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" САЗОВОР ГАРДИД. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли равон шогирдонаш дар даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон иштироки фаъолона менамоянд. Махсусан, дар соли таҳсили 2023-2024 15 нафар шогирдонаш дар даври ҷумҳуриявии олим...
Зоиров Анушервон Ҷамшедович хонандаи синфи 11-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" бо роҳбарии омӯзгори фанни математика Баротов Ҷонибек дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", ки аз санаи 21 то 26 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барпо гардид, аз номинатсияи математика дар байни муассисаҳои умумии типи нав сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ин дастовард ба аҳли коллектив, падару модари Анушервон ва ҳаводорони литсей муборак бошад!
6 нафар хонандагони синфҳои 7-9-и мамлакат дар 28-умин Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар...
Аз санаи 27 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии Ал-Хоразмӣ аз фанни математика байни наврасон бо фарогири 140 иштирокчи аз 6 давлатҳои ИДМ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Дар ин Олимпиадаи сатҳи баланд мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар наврас аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷойи I, 2 ҷойи II ва 6 ҷойи III гардиданд. Хушбахтона хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқа...
Дастаи 12-нафараи мактаббачагони боистеъдод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии TASIMO, ки рӯзҳои 18-20 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, бомуваффақият иштирок карданд. Чорабинии мазкур 300 нафар иштирокчиёнро аз 10 кишвар гирд оварда, ба майдони намоиши қобилиятҳои барҷастаи риёзии нобиғаҳои наврас табдил ёфт. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сабқати зеҳнӣ сазовори се мақоми ифтихорӣ гардид. Ин муваффақияти барҷаста на танҳо боиси ифтихор, балки тасдиқи қ...
Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе»- ба диққати директорон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мерасонад, ки рӯзҳои 19-21 апрели соли 2024 даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8) дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Талабот: Иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ бо либоси мактабӣ, нусхаи шаҳодатномаи...
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 7 майи соли 2024 дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаи даставии “Истеъдод”, олимпиада оид ба “Шоҳмот” ва “Spelling bee” баргузор гардид. Да...
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД, КИ ТИБҚИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 17-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024, №71 “ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ БА ДИГАР РӮЗҲОИ КОРӢ ДАР СОЛИ 2024” РӮЗИ ИСТИРОҲАТ АЗ РӮЗИ ШАНБЕИ 4-УМИ МАЙ БА РӮЗИ 10-УМИ МАЙ ГУЗАРОНИДА ШУДААСТ. АЗ ИН РӮ, ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ (СИНФҲОИ 1-4) НОВОБАСТА АЗ ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ ВА ТОБЕИЯТИ ИДОРАВӢ МАШҒУЛИЯТ ВА ДАРСҲОИ РӮЗИ 10-УМИ МАЙ (ҶУМЪА) БА РӮЗИ ШАНБЕИ 4-У...
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7-8 баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 467 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида 254 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора: 17 медали тилло 50 медали нуқра 187 медали биринҷи Муассисаи давлатии "Марказ...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар олимпиада аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ширкат варзида, малака, маҳорат ва донишҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода, намояндагони сохторҳои маорифи кишвар, хонандагону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳа...
Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Осори адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст. ...