Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи маорифи кишвар чунин таъкид карданд: "Чӣ қадар маблағе, ки бошад ба соҳаи илм равона мекунем, дареғ намедорем!" Аз 1- уми июли соли 2024, музди меҳнати кормандони соҳаи ҳокимият, маориф тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо ба андозаи 40% зиёд карда шавад. Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид. Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмом...
28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардида истодааст. Дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату куми...
Аз 1 январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд ва дарсҳо дар тамоми мактабҳо 11 январ оғоз мегарданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳо...
Ҳамватанони азиз! Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонист бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Аз рӯзҳои аввали ба роҳбарӣ омадан соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ҳисобида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии миллат камари ҳиммат бастанд. Мо ифтихормандем, ки сарпарасти МДТ "Литсей-инт...
15-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони зерини литсей, ки сазовор ҷой гардида буданд, қадрдонӣ шуданд. 1. Асророва Оиша хонандаи синфи 5 дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 3-юм. Омӯзгор Бекназарова Мадина. 2. Асророва Сумая хонандаи синфи 9 дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм. Омӯзгор Назарова Рухс...
14.10.2023 ш. Душанбе Имрӯз дар толори "Кохи Суруш" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони зерини литсей, ки сазовор ҷой гардида буданд, қадрдонӣ шуданд. 1. Тағозода Фирдавс дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 2-юм омӯзгор Давлатов А.Ш. 2. Холиқов Дамир дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 3-юм омӯзгор Давлатов А.Ш. ...
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш» имрӯз, 6-уми сентябри соли ҷорӣ маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ғолибон ва иштирокчиёни озмунро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуда, бароя...
Субҳи 01.09.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии "Летсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид. Хонандагони муассиса ин рӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Сараввал роҳбарияти муассиса Ғайратзода Лайло Диловар ҳамаи хонандагонро бо ин рӯз табрику муборакбод намуда ба онҳо хониши хубу аъло таманно намуданд.
Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳозирини арҷманд, омӯзгорон ва хонандагони азиз! Пеш аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, сарп...
Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11 анҷом ёфта, аз 2 июн хонандагон ба таътил мебароянд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бинобар анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассиса...
Санаи 26 майи соли 2023 дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону во...
Санаи 25.05.2023 дар Тоҷикистон машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум ба анҷом мерасад. Дар ин хусус аз матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11 1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад. Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ои...
Аз 19-ум то 21-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2576 нафар хонандагони синфҳои 7-8 иштирок намуданд...
19 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон в...
Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (аз фанни математика, аз фанни биология, аз фанни география ва аз фанни технологияи иттилоотӣ) баргузор гардид. Дар олимпиадаҳои мазкур 726 нафар хонандагони синфҳои 5-6-и м...
Аз 27-ум то 30-юми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, о...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Летсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, дирек...
Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо фарогирии 203 ҳазору 444 хонанда барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тариқи он барои хонандагон қариб 17 миллион баҳогузорӣ ва барои волидайн қариб 162 ҳазор саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ба иттилои сардори Раёсати м...
Рӯзҳои 14-16-уми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада...