Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Аз 21 то 31 март хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ мебароянд
17 мар

Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба  таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешав...

Дастаи олимпии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  беҳтарин дастаи олимпӣ дониста шуд
12 мар

Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар Олимпиада бадастоварда аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе”  ҷойи якум дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ ва ҷойи сеюм дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022
12 мар

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 12 марти соли ҷорӣ дар МТД “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе...

ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД
11 мар

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими маҳнат) оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи кори Олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷр...

Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи модарон
5 мар

Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи модарон. Давоми корҳои эҷодии хонандагон

Озмуни шаҳрии “ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар соли 2022 ташкил ва баргузор карда шавад.
28 фев

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “86” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” Бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ҚАРОР МЕКУН...

Дар соли 2022 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ” ташкил ва баргузор карда мешавад
28 фев

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “85” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқ...

Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи Артиши Миллӣ
23 фев

Хонандагони болаёқати Литсей-интернати Президентӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои эҷоди намуданд.  ------------------------------------------------- -------------------------------------------------------------------- ------------------------------------------------------------ ------------------------------------------------------- --------------------------------------------------- Д...

Дар Душанбе Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷараён дорад
19 фев

Рӯзи дуюм аст, ки бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷараён дорад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Олимпиадаи мазкур бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ...

Соли 2022 дар Душанбе Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад
2 фев

Бо пешниҳоди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2022 дар пойтахт Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардид...

Рӯйхати ғолибони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе
29 янв

Руйихати хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ғолибони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1.     Исмоилзода Манижа Баҳром 12.04.2009 2.     Хошимзода Бунафша 26.09.2008 3.     Мухамадиев Ардашер Сино 04.07.2007 4.     Зоиров Анушервон 17.04.2007 5.     Абдуллоев Абдулло Хуршедович 2...

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
21 янв

    Имрӯз ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳамоиши мазкурро бо суруди миллӣ ҳусни оғоз намуданд. Дар ҳамоиши мазкур ҳамаи хонандагони пойтахт ва ҳамчунин  хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " низ ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиш ба як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ ба хонандагони пойтахт аз ҷониби Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди...

Дар пойтахт барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон гардид
20 янв

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.  Ин иқдом ҳамасола  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар». Довталабони стип...

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Copernicus дар Иёлоти Техаси Амрико 15 медал даст оварданд
17 янв

8-16-уми январи соли ҷорӣ дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.  Хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Б...

Даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе
15 янв

НАТИҶАИ ДАВРИ III-ЮМИ (ШАҲРӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022 Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни «Забони давлатӣ» Натиҷаи иштирокчиёни даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ...

Ғолибони озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022
6 янв

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додан дар озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 хонандагони болаёқат аз  ноҳияҳои шаҳри Душанбе ғолиби ин озмун шуданд. Ҳошимзода Бунавша - хонандаи Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сайфуллоев Мустафо-Гирандаи стипендияи Президентӣ дар н.И.Сомонӣ Ҷалолзода Азиза-Гирандаи стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Курчиев...

БЕҲТАРИНИ БЕҲТАРИНҲО. Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ ба 3000 нафар расонида шуд
6 янв

Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба 3000 нафар расонида шуд.  Барои ҳар як гирандаи стипендия ҳар моҳ 500 сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ доданд дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2021 амалӣ гардида,  то ин муддат шумораи гирандагони стипендияи мазкур 400 ададро ташкил медод. Бояд тазаккур ...

Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд
5 янв

   Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ санаи 3 ва 4 январи соли 2022 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фанни хонандагон ташкил ва баргузор карда шуд иттилоъ додан аз Сар...

Натиҷаи озмуни шаҳрии "ХОНАНДАИ СОЛ - 2021" дар шаҳри Душанбе
4 янв

Дар ин озмуни мазкур хонандаи МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Давлатёрова Назарбахт ғолиб гардид. Боиси зикр аст, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои соҳаи маориф дар Рӯзи пойтахт бо барномаи фарҳангӣ баргузор карда мешавад. http://lip.tj/life/news/-khonandai-sol-2021-/

Оғози даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе
3 янв

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 21.12.2021, №176/9 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва дарёфт намудани хонандагони болаёқат 3 январи соли 2022 даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии...