Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ТАВАҶҶУҲ! Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд
24 янв

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тавре муассисаи мазкур ба маълумоти довталабон мерасонад, барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ...

«Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-таҳти ин ном дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мегардад
21 янв

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиро доир менамояд. Ба иттилои шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  ме...

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ашёи таърихӣ харид намуд
20 янв

Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона ду ёдгории таърихӣ-лаълии мисӣ ва тӯмор (бозубанд) харидорӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, осорхонаи мазкур ин ёдгориҳои таърихиро дар рӯзҳои аввали сол  харидорӣ намудааст. Лаълии мисӣ байзашакл б...

Дар Маркази миллии тестӣ омӯзиши курсҳои шиносоии низоми ИМД барои соли 2020 оғоз гардид
20 янв

Аз 20 то 22 январ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзиши курсҳои  шиносоии низоми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)  бо иштироки намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ...

Хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 12 медал гардиданд
17 янв

Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста шир...

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи ҳарбӣ китобҳои гуногунмазмун тақдим намуд
17 янв

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад китоби гуногунмазмунро ба муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал иттилоъ доданд, китобҳои тақдимгардида аз «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ваҳдатнома», «Ваҳдат ва Истиқлолият қисми II», «Ваҳдат зевари давлати миллӣ қисми III», «Ҳафтхони Темурмалик», «Шуҷоати Спитамен», «Тулӯи Ҳақиқат» ва «Тиллои Тоҷики...

Дар Душанбе «Китоби роҳ ва фазилат»-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд
16 янв

15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини қадим  Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб  Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст. ...

Ҷилди дуюми китоби «Шаҳраки кушонии Сайёд» аз чоп баромад
14 янв

Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа  Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд»  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил в...

Китобхонӣ таътили зимистонаи хонандагонро пурсамар гардонидааст
8 янв

Таътили  зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида шуданд? Ба гуфти сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳо рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷа...

«ФАЗИЛАТИ ПЕШВО». Китобе, ки фаъолияти доманадори Президенти Тоҷикистонро ба нафъи миллату Ватан бозгӯӣ менамояд
24 дек

 Устоди  зиндаёд  Мирзо Турсунзода ҳамеша таъкид менамуданд, ки халқи тоҷик аз азал завқи каломи воло дорад. Воқеан, ашхоси гуногун  сарфи назар аз касбу кору пешаи худ ба эҷоди асарҳои бадеӣ даст задаанд ва аксаран муваффақ ҳам шудаанд.  Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Зикри номи марди накӯном Ҳабибулло Назаров кофист, ки ходими  намоёни давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруф буд ва ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра к...

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ.
16 дек

 Аз 03-юм то 12-уми декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар 16-ум олимпиадаи байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои ФИЗИКА, ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ баргузор гардид. Дар ин олимпиада беш аз 300 нафар иштирокчиён аз 70 давлати дунё ширкат намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ намояндагӣ намуданд. Синну соли иштирокчиёни ин олимпиада то 15 соларо дарбар мегирифт. Иштирокчиён аз фанҳои ХИМИЯ, ФИЗИКА ВА БИОЛОГИЯ дар се давр - тестӣ, назариявӣ ва амалӣ қувваозмоӣ намудан...

Китоби нави дипломати тоҷик дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд
9 дек

Китоби нави дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (1992-2017гг): исторические аспекты становления и развития» (25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992-2017): ҷанбаҳои таърихии ташаккул ва рушд» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли охир ҳикоят мекунад. Таҳлили...

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
16 ноя

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2019 дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинии идона аз ҷамъомади пагоҳирӯзи шуруъ шуда хонандагони муассисаи таълимӣ баромадҳои хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи-илмӣ назариявӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинии бошукуҳ нависандаи халқӣ Кароматулло Мирзоев ва шоири ...

Гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019
21 мая

1.   Мирзоҳакимова Фархунда, синфи 7"А" 2.   Муминов Абубакр, синфи 8"Б" 3.   Умарова Нозанин, синфи 7"А" 4.   Давлатёрова Назарбахт, синфи 7"А" 5.   Каримов Исо, синфи 9"В" 6.   Рашидов Азамат, синфи 9"А" 7.   Гулзода Маҳмадшариф, синфи 10"В" 8.   Ризоева Садбарг, синфи 11"А" 9.   Ирмухаммедов Шукрулло, синфи 7"А" 10. Ҳамроҳзода Олимҷон, синфи 11"А" ...