Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

22 февраля 2023 08:02

Количество просмотров: 2485

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардаду Артиши миллӣ мавқеи худро дар меҳани биҳиштосо устувор нигоҳ дошта, ба як нерӯи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Имрӯзҳо хатмнамудагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳои Артиши миллӣ дар вазифаҳои гуногун адои хидмат намуда истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони муҳтарами хизмати ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва халқи он барору муваффақият орзу менамоем.