Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

19 марта 2022 10:03

Количество просмотров: 11565

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз!

Инак боз Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хушрӯзиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту иқболи баланд ва тамоми  хушиҳои зиндагиро орзу дорам.

Ҳар як халқу миллат дорои ҷашну маросим ва анъанаҳое мебошад, ки онро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз кору пайкори гузаштагон дарак медиҳанд. Яке аз чунин ҷашнҳо иди Наврӯз башумор меравад. Ҷашни Наврӯз дар оини мардуми тоҷик ҷойгоҳи намоёнро ишғол намуда, дар худ беҳтарин арзишҳои инсониро ҷой  дода, аз умқи таърих то ба имрӯз ба мо омада расидааст. Ҷашни Наврӯз аз ҷониби шоҳ Ҷамшед бори нахуст ҷашн гирифта шуда, он ҳамчун ҷашни давлатӣ эътироф карда шудааст. Халқи тоҷдори тоҷик дорои таърихи бузург мебошад, ки онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари тамаддунсозу тамаддунофар муаррифӣ намудааст. Ҷашни Наврӯз дар тӯли мавҷудияти худ борҳо зери вартаи нобудшавӣ қарор гирифта бошад ҳам, бо азму иродаи қавии мардуми баруманди тоҷик ҳифз шудааст. Ҷашни Нарӯз аз фасли зебои табиат баҳор мужда дода, аз пирӯзии гармӣ аз сардӣ дарак медиҳад.

Дар ҷашни Наврӯз мардум ба тозаву озода намудани хонаву манзили худ машғул шуда, пайи бахшиши гуноҳҳои якдигар гардида, аз пайи кишти корӣ худ мегарданд.  Дар ин рӯзҳо мардум аз якдигар ба хотири бахшиши гуноҳи якдигар мепардохтанд ва хони идонаи хешро бо номи ҳафт сину ҳафтшин меоростанд ва бо якдигар рақсу бозӣ менамуданд.

Бо хизматҳои шоён ва арзандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуда, бори дигар собит намуданд, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ба худ хосеро доро мебошад.

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн тудаҳои зиёди мардум тамоми маҳаллаву гузарҳои шаҳрро сайр менамуданд, то ба мардум аз омадани Наврӯз хушхабар расонанд. Аз муҳтаво ва мундариҷаи ин суннати наврузӣ равшан ҳувайдост, ки пеш аз ҳама, он симои Наврӯзи хуҷастаро чун ҷашни гармиву бедорӣ ва накукориву хайрандешӣ нишон дода, мардумро ба саховатмандӣ ва дастгирӣ кардани шахсони ниёзманд даъват менамояд. Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани чунин иқдоми нек боис мешавад, ки одамон дар иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак намоянд ва ба ин восита эҳсоси дустиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият ёбад.

Дар баробари ин, аз қадимулайём  расм будааст, ки дар манотиқи мухталифи қаламрави зисти аҷдоди мо, чун сарзаминҳои Суғду Хатлону Ҳисору Бадахшон ва Зарафшону Рашт ин маросими миллӣ дар ҷойҳои махсус, яъне наврӯзгоҳҳо ҷашн гирифта мешуд.

Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд. Далели равшани ин дар давоми солҳои охир баргузор шудани ҷашнвораҳои ҷаҳонии Наврӯз дар чанд кишвари ҳавзаи фарҳанги Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад, ки боиси гирди ҳам омадани аҳолии зиёде аз меросбарони ин падидаи тамаддуни куҳани башарӣ гардида, дар таҳкими дустии онҳо нақши босазое гузошт.

Таҷлили бошукуҳу дастаҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон, неруманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имруза беҳтару осудатар намудани зиндагии мардуми шарифи кишвари  маҳбубамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Ба ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо дар ин соли ҳумоюнӣ ва то Наврӯзи дигар  амалӣ гарданд, бори дигар Наврӯзи ҷаҳониро бароятон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ва тамоми мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон  бахту саодат, хайру баракат  ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон  сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург мехоҳам.

Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!