Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз! Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021-ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям. Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад. Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босу...

1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагон оғоз мегардад

Аз 1 январи соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. «Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон  барои мутолиа дар соли хониш рӯйхати 299 номгӯй ад...

Иштироки хонандагони синфи 6-ум дар олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ

 Дар байни мамлакатҳои Осиёи Миёна олимпиадаи байналмилали аз фанни "Технологияи иттилоотӣ" баргузор гардид, ки дар ин олипиада хонандагони синфи 6-уми  Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иштирок намуданд. Хонандагони литсейи Холиқов Дамир, Ҳоҷибобоев Самир, Убайдуллоев Алиҷон маҳорати баланд нишон дода шаҳодатномаи даври ниҳоӣи ин олипиадаи мазкурро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки омӯзгори фанни Технологияи иттилоот...

ШАВҚУ ҲАВАСИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ЗИЁД МЕГАРДАД...

Ҳамин аст, ки баъд аз талошҳои тӯлонии роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ натиҷаи дилхоҳ аз фанни математика ба даст омад. Олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ аз фанни математика bricsmath-2020 яке аз олимпиадаҳои машҳур ва бо нуфуз мебошад, ки дар ин олимпиада хонандагони синфҳои 1-11 иштирок карда метавонанд. Соли ҷорӣ дар ин олимпиадаи бонуфуз намояндагони беш аз 7 мамлакат аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайраҳо ширка...

Дар Душанбе китоби нав таҳти унвони «Забони давлати Сомониён» ба нашр расид

«Забони давлати Сомониён» таҳти чунин унвон китоби шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон, ки дар нашрияи академии «Palmarium academic publishing» дар Аврупо ба нашр расида буд, дар Душанбе ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп гардид. Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши давлати Сомониён ва давраи с...

БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.11.2020, №621) барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола барои дарёфти ҷоиза озмун баргузор мегардад.    Мақсади сарфарозгардонӣ бо ҷоизаи давлатӣ  дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, бала...

Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст.

Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст. Офтоб ҳамагӣ 8 соат нур мепошад ва пас аз он тӯлонитарин шаби сол фаро мерасад. Ва фардо, 21 декабр, рӯзи кӯтоҳтарини сол хоҳад буд. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо ин рӯзро ҳамчун Шаби Чилла - оғози зимистон ҷашн мегирифтанд. Дар Эрон ин шабро Шаби Ялдо меноманд. Дар ин шаб одат шудааст, ки ашъори Ҳофизи бузургро хонда, ба дастархони идона анор, тарбуз ва дигар хӯрокҳои махсус мегузоранд. Шаби Ялдо ё шаби  Чилла баландта...

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Тавре иттилоъ дода будем, 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  269 нафар довталаб  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.  Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, х...

ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ГАРДИД

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд, ки дар маросими ифтитоҳии он Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр...

ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

 Рӯзҳои 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад.    Дар натиҷаи ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони даври сеюми озмун дар даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.     Даври ҷамъбастии озмуни  мазкур аз ҷониби ҳайати комиссияи ҷ...