Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
27 дек

Аз 1 январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд ва дарсҳо дар тамоми мактабҳо 11 январ оғоз мегарданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳо...

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ ''ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ҒАЙРАТЗОДА ЛАЙЛО ДИЛОВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16 ноя

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонист бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Аз рӯзҳои аввали ба роҳбарӣ омадан соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ҳисобида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии миллат камари ҳиммат бастанд. Мо ифтихормандем, ки сарпарасти МДТ "Литсей-инт...

3 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
16 ноя

15-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони зерини литсей, ки сазовор ҷой гардида буданд, қадрдонӣ шуданд. 1. Асророва Оиша хонандаи синфи 5 дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 3-юм. Омӯзгор Бекназарова Мадина. 2. Асророва Сумая хонандаи синфи 9 дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм. Омӯзгор Назарова Рухс...

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ МДТ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" АЗ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
14 окт

14.10.2023 ш. Душанбе Имрӯз дар толори "Кохи Суруш" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони зерини литсей, ки сазовор ҷой гардида буданд, қадрдонӣ шуданд. 1. Тағозода Фирдавс дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 2-юм омӯзгор Давлатов А.Ш. 2. Холиқов Дамир дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 3-юм омӯзгор Давлатов А.Ш. ...

Ғолибияту қадрдонии хонандагони литсей дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
6 сен

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш» имрӯз, 6-уми сентябри соли ҷорӣ маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ғолибон ва иштирокчиёни озмунро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуда, бароя...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР МДТ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
1 сен

Субҳи 01.09.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии "Летсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид. Хонандагони муассиса ин рӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Сараввал роҳбарияти муассиса Ғайратзода Лайло Диловар ҳамаи хонандагонро бо ин рӯз табрику муборакбод намуда ба онҳо хониши хубу аъло таманно намуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ҒАЙРАТЗОДА ЛАЙЛО ДИЛОВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
1 сен

Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳозирини арҷманд, омӯзгорон ва хонандагони азиз! Пеш аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, сарп...

Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулияти таълимӣ ба анҷом мерасад
31 мая

Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11  анҷом ёфта, аз 2 июн хонандагон ба таътил мебароянд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Бинобар анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассиса...

Баргузории олимпиадаи фаннӣ миёни хонандагони сифҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
26 мая

Санаи 26 майи соли 2023 дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону во...

Аз санаи 25.05.2023 хонандагони синфҳои 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба таътили тобистона мебароянд
25 мая

Санаи 25.05.2023 дар Тоҷикистон машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум ба анҷом мерасад. Дар ин хусус аз матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11   1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад. Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ои...