2024 | 2025 | 2026 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
23 февраля 2021 02:02
Количество просмотров: 16310
Имрӯз дар шаҳри Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб» ярмарка-фурӯши китоб доир гардид
Ярмаркаи фурӯши китоб бо мақсади ҷалби кормандону хонандагон ба хондани китоб, баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, эҳтиром нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо, омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гузаронида шуда, зимни ифтитоҳи он Роҳбарияти Муасиссаи таълимӣ Исмоилзода Баҳром Мансур ба масъулини «Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб» барои баргузории ярмарка-фурӯши китоб арзи сипос намуданд.
Ҳайати кормандон ва хонандагони Литсей аз ярмарка – фурӯши китоб ашхоси касбу кори гуногун китобҳои нодиру писандидаро бо нархҳои дастрас хариданд. Дар ярмарка аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти китоб зиёда аз 100 номгўй намунаи осори адибони классик, муосир ва ҷаҳонӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд.
Дар намоиш аз адибони шинохта, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирони маъруфи тоҷик: Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айни, Сотим Улуғзода ва дигарҳо, инчунин китобҳои бадеии кудакона ба марази тамошо гузошта шуданд.