Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ТО 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2023 ТАМДИД ГАРДИД

10 января 2023 03:01

Количество просмотров: 4440

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №35 «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши мазкур сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.