Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабря 2023 10:12

Количество просмотров: 489

28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.

Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассиса тамошо карданд.

Бояд тазаккур дод, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири самтҳои  асосии  сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои  давраҳои  оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои  иқтисоду саноат, нергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои  мушаххас ба миён гузошанд.

Дар партави Паём вазорату кумитаҳо соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ – иҷтимоии ҷумҳурӣ соҳибкорон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда, амалӣ менамоянд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, ва ҳуқуқии мамлкат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқи рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда мушаххасан нишон дода шудаанд.