Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВИИ «еTalim». Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ нахустин барномаи ватанӣ таҳия гардид

19 марта 2024 09:03

Количество просмотров: 164

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд.
«Барнома пура бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон-омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар ҷараёни таълим аз он васеъ истифода намоянд. Интерфейси барнома содаву фаҳмо буда, корбарии он барои ҳамаи омӯзгорон дар назар гирифта шудааст. Тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дарсро ҷолибу шавқовар гузаронад ва аз маводи мултимедиавӣ ва аёнӣ васеъ истифода намояд»,- иброз дошт Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода.
Ба гуфтаи мавсуф, дар заминаи барнома роҳнамои истифодаи тахтаи интерактивӣ низ мураттаб гардида, дар бахши «Роҳнамо»-и барнома ҷойгир шудааст. Тарзи кор бо тахта дар он муфассалу мукаммал дарҷ гардида, ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки истифодаи барномаро мустақилона аз худ намоянд.
«Ҳадаф аз таҳияи барнома самаранок гардонидани фаъолияти омӯзгор бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим мебошад. Тахтаи интерактивӣ дар байни техникаҳои муосири таълимӣ воситаи муҳим ба ҳисоб рафта, корбурди он дар дарс ба омўзгор имкон медиҳад, ки вақтро самаранок истифода намояд», -гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар баробари интерфейси тоҷикӣ барномаи «eTalim» барои омӯзгорон маводи ёрирасони ин ё он фанро пешниҳод менамояд. Дар бахши «Нигористон»-и барнома парвандаи фанҳои таълимӣ ва дигар маводи ёрирасон дода шудаанд, ки омӯзгор бо истифода аз он метавонад расму аломатҳои аёнии фанни таълимиро дар тахта намоиш диҳад.
Ҳамзамон бо тахтаи интерактивӣ корҳои амаливу лабораторӣ низ гузаронидан мумкин аст. Имконияти тахтаҳои интерактивӣ аксар вақт аз барномае, ки дар онҳо насб шудааст, вобаста аст. Аз ҷумла, маълумоти сабтшуда дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешавад ва онро дар принтери муқаррарӣ чоп намудан мумкин аст. Матн ва нақшаҳоро низ дар тахтаи интерактивӣ бо маркерҳои ранга сохтан имкон дорад. Ҳамзамон истифодаи ранг яке аз бартарии он мебошад, ки иттилоот равшан сохта шуда, самаранокии дарки онҳо ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Тахтаи интерактивӣ дар синфхонаҳо метавонад ҷойгузини тахтаҳои анъанавӣ ва ё такмилдиҳандаи онҳо бошад. Ҷараёни дарс бо истифода аз тахтаҳои интерактивӣ шавқовар шуда, дараҷаи азхудкунии мавзуъ ташаккул меёбад. Бинобар ин, ба омӯзгори муосир зарур аст, ки дарсро бо истифода аз технологияи муосир, махсусан тахтаи интерактивӣ самаранок гузаронад.
Барномаи интерактивии «eTalim» барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муфид буда, вижагиҳо дорад, аз ҷумла забони барнома тоҷикӣ буда, дар он муқаддасоти миллӣ ва аксу нигораҳои адабиёти таълимӣ ҷой дода шудаанд. Имконияти барнома аз ҷониби Мутахассисони марказ мунтазам ташаккул дода шуда, вобаста ба истифодаи барнома дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат 30 августи соли 2022 Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид.
Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсил таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ ва дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила: солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.