Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2024 2025 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
24 25 26 27 28 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

3 октября 2020 02:10

Количество просмотров: 14765

Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ  дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 ОМӮЗГОРОН – НЕРУИ ТАВОНОИ КИШВАР

Устодон ва омӯзгорони мӯҳтарам!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рузи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумоён дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям. Хеле рамзист, ки Иди касбии имсолаи омӯзгорон – Рӯзи муаллим дар арафаи 29 – умин солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзгорон неруи тавоно ва сафобахши рӯзгору умри инсоният ҳастанд. Ҳамаи онҳое, ки ба дараҷаҳои баланд расидаву сазовори обрӯю эътирофи умум гардидаанд, дар пешравии ҷамъият, таъмини оромиву осоиштагӣ саҳм мегиранд, ободкору пешбар ҳастанд, аввалан, аз волидайн, сониян, аз устод таълим гирифтаанд. Мактаб агар маҳзани илму дониш, маркази асосии таълиму тарбия бошад, омӯзгор чароғест, ки роҳи шогирдонро равшан месозад, то онҳо дар гирудори мушкили ҳаёт раҳгумзада набошанд.

Аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи маориф эҳтироми хоса зоҳир мекарданду мекунанд ва гаштаю баргашта таъкид менамоянд, ки рушди давлат, пешравии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ танҳо бо роҳи рушди соҳаи маориф амалӣ мегардад.

Басо рамзист, ки Рӯзи омӯзгор бо Рӯзи забони давлатӣ бо ҳам рост омаданд. Забони ноби тоҷикӣ тӯли садсолаҳо асолати азалиашро нигоҳ дошт ва имрӯз ҳам зиндаву поянда аст. Ба ин муқаддасоти миллат эҳтиром доштан, онро омӯхтану ба насли наврас омӯзонидан, аз ҳар гуна ифлосиҳо пок доштан қарзи инсонии мо, соҳибони забон аст. Наку гуфтаанд Пешвои миллат: “Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем”.

Умедворем, ки Шумо- омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред.

Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва  барору комёбиҳо таманно дорам. Устодону омӯзгорони азизро бори дигар бо Рузи омӯзгорон табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям. Ниятҳои неку наҷибатон дар роҳи баланд бардоштани сифати таълим, эҳтиёту гиромидошти забони миллӣ, бо рӯйи сурху сари баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшанд.

 Идатон фархунда бод, омӯзгорони азиз!