Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2024 2025 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
24 25 26 27 28 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти роҳбарияти муассисаи давлатии таълимии Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон

1 июня 2022 10:06

Количество просмотров: 10249

Кӯдакони меҳрубону саодатманд!

Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 72 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам.

Ҳар сол чун анъана санаи 1-уми июн дар сартосари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо кормандони соҳаи маорифи кишвар аст. Басо хушоянд аст, ки дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 1-уми июн ҳамчун рамзи дастгириву пуштибонӣ ва таваҷҷуҳ ба ояндаи дурахшони насли шоистаи замон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 

Бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози тоҷикон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

 Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. 

Ногуфта намонад, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон парчами худашро дорад. Дар пасманзари сабз, ки рамзи рушд, ҳамоҳангӣ, тароват ва ҳосилхезиро нишон медиҳад, дар атрофи аломати Замин  шаклҳои услубии сурх, зард, кабуд, сафед ва сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Ин шаклҳои одамон нишонаи  гуногунӣ ва таҳаммулпазириро мебошад. Рамзи Замин, ки дар марказ гузошта шудааст, аз хонаи умумии одамон дарак медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки одамон дар рӯи Замин дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта ба сар бурда, фарзандони солимро барои ояндаи миллат дар рӯи ҷаҳон тарбия намоянд.


Воқеан, кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа ҳисобида,   таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Бо Камоли эҳтиром ва саршор аз самимият кулли кӯдакону наврасони хушиқболи Ватани азизамонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳният гуфта, бо таманниёти беназир ва самимияти афзун барояшон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва даврони босаодати наврасӣ, хандаи беғубори тифлӣ ва шодмониву нишоти бепоён тамоми хушиву беғамии кӯдакиро таманно дорем.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!