Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК! Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз ёфт

1 сентября 2022 08:09

Количество просмотров: 3029

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президенти барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин литсей шарик аст.

Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино ба муносибати Рӯзи дониш шурӯъ намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти имрӯз хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимӣ дар саҳни литсей ҷамъ омаданд. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Сиддиқзода Баракатуло Исмоил ҳамаи хонандагонро ба муносибати соли нави хониш табрику муборакбод намуда ба онҳо мувафаққият, хониши хубу аъло таманно намуданд. Тавре Сиддиқзода Баракатуло Исмоил иброз дошт, дар соли нави таҳсил муассисаи мазкур дари худро ба рӯи 1800 нафар боз намудааст. Аз ин теъдод 15 фоизашро  хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд, ки бори аввал ба остонаи литсей қадам мениҳанд.

«Ба Литсей-интернати Президенти барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки онҳо хонандагонро пурра бо таълиму тарбия фаро мегиранд. Онҳо ба соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо рӯҳияи тозаву масъулияти баланд соли хонишро оғоз намуданд.

Ба андешаи мавсуф, баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд. Муассисаи мазкур бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ва русӣ барои хонандагон тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.