Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Тақдими китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб

18 февраля 2020 11:02

Количество просмотров: 27007

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии  «Адиб»  ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30  нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.

 Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ «Гулчини ашъор»,   А. Афсаҳзод «Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ»,  Т. Зулфиқоров  «Ҷойхонаи лаби Ҷар»  ва чанд номгӯ китобҳои адибону олимони дигари кишвар, ки ҳамагӣ тозанашр мебошанд, дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд. 

 Ҳамчунин дар ин рӯз   Агентии Миллии Созмони Рақамгузори Стандартии Байналмилалии Китоб – Хонаи  Китоби Тоҷикистон  52  китоб  ва  40 нусха автореферат  тӯҳфа  гардид.

 Бояд зикр намуд, ки адабиёти тақдимшуда  аз тарафи Агентии Миллии Созмони Рақамгузори Стандартии Байналмилалии Китоб – Хонаи  Китоби Тоҷикистон  бештарашон адабиёти илмӣ – ёрирасон буда, ба  кормандони соҳаи илм баҳри  истифода  дар корҳои илмиашон тавсия дода мешавад.

Фаридун Азизов,

сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.