Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Соли 2022 дар Душанбе Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад

2 февраля 2022 01:02

Количество просмотров: 4507

Бо пешниҳоди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2022 дар пойтахт Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардид.

Дар маҷлиси назоратӣ инчунин масъалаҳо ҷиҳати тибқи талабот омода ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ва рўйхати роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, назорати давомоти саривақтии хонандагон ва омўзгорон ба дарсҳо, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни Наврўз, назорати иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ ва гулу буттаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди маълумотнома аз натиҷаи вазъи корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимии навбунёд, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорони касбӣ, ташкил намудани вохўрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омўзгории кишвар, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт мавриди муҳокима қарор дода шуд.