Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2024 2025 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
24 25 26 27 28 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст...

31 января 2020 08:01

Количество просмотров: 26800

«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест».

Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ

 Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва гуманистию зебошиносӣ дар адабиёти форси тоҷикӣ нақши носутурданиву нозудудание гузоштаанд, алҳақ Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозист  (1320-1389), ки садсолаҳо пештар ифтихормандонаву сипосгузорона ҳақдорона каломи беназири худро чунин баҳогузориву муаррифӣ намудааст:

            Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазалӣ маърифат аст,

            Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!

 Дар ҳақиқат, шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмати рангин, сафинаи лутфу мавъазати ширин ва ганҷинаи ҳадсу насиҳати дери наст, ки дар имтидоди таърихи мозӣ маҳрами дили ҳунармандону шамъи маҳфили суханпарварон, парчами ҳаёти ватанхоҳону зинати авроқи насиҳатгустарон будааст:

          Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд

           Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд!

  Ҳофиз дар гўшае нишаста сухан намегўяд, оҷизу нотавону нобанди маҳдудаи андешаҳои худӣ нест. Аз сари минбари баланд овоз дармедиҳад, андеша мепароканад, насиҳат мекунад, маслаҳат медиҳад:

           Ман он мурғам, ки ҳар шому саҳаргаҳ

           Зи боми арш меояд сафирам!

      Ҳаргиз аз номи касе салову аз боми касе садо намебарорад. «Ман»-и ў фарогирандаи нуқли афкори ниёгон, мазруфи таҷориби зиндагии ҳамагон, гулчини мавъазати пирон аст:

           Пирон сухан зи таҷриба гўянду гўямат,

           Ҳон, ай писар, ки пир шавӣ, панд гўш кун!

       Аммо касеро маҷбуран сомеи панду ҳикмати малеҳу шеъру каломи балиғаш намегардонад. Суханаш мудаллалу мукаммал ва муътамаду нишонрас аст, аз дил баромадаву бар дил менишинад:

             Ойинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,

           То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро!

 Суханаш ороставу перостаи саноеи лафзиву маънавист. Ба хотири бехато дарёфтани ҳадафи эҷодӣ пайкони бешумори бадеӣ мепароканад: аз ташбеҳу истиораҳои дилнишин, талмеҳу таъбироти гўёву нақшин истифода мекунад, ки беназиру бебадиланд:

            На ман аз хилвати тақво бадар афтодаму бас,

            Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт!

 Фармудаҳояш насиҳати маҳзу урёну дилшикан не, маслаҳати падаронаву ҳидояти дўстонаанд:

          Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,

           Бишнав, ки панди пирон ҳечат зиён надорад!

Танзиму талмеҳи устодона ва ҳадафманду бамавриди амсолу ҳиками фаровони мардумӣ гуфтаҳои ибратбахшу сабақомўзи Ҳофизро мутасаввиру муассиртар мегардонанд.

           Гўянд: «Санг лаъл шавад дар мақоми сабр»,

           Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад!

 Дар ҳар мавриде, ки мақолеву зарбумасале меорад ё месозад, албатта, тарзи баёни тоза ва навпардозии шоиронае ба мушоҳада мерасад. Масалан, дар урфият мегўянд: «Аз сухани рост ранҷидан хатост», «Ҳақиқат талх аст, аммо меваи ширин дорад», «Каҷ нишину рост бигў» ва ғайра.

  Ҳофиз ҷавҳари чунин афкори пандомўзро на танҳо устокорона истифода мебарад, балки мисраи эҷодкардааш аз асли андеша фурўтар меравад ва ба дараҷот мавзунтару нишонрастару хотирнишинтар мегардад:

            Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:

          «Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе ҷун ту шукуфт!»

                Гул бихандид, ки аз рост наранҷем, вале

            Ҳеҷ ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт!

 Дар байни мардум мақолҳои «меҳнат накунӣ, роҳат набинӣ» ва «ганҷ бе ранҷ муяссар намешавад» хеле маъмуланд, ки ҳангоми тарбия суханронии устод бо шогирд, маслаҳати падар бо писар истифода мешаванд. Ҳофиз фашурдаи мазмуни чунин амсолу мақолро бо камее тағйироти шаклӣ ба кор андохта, хеле суфтатару ҳадафгиртару бадеътараш гардонидааст:

            Макун зи ғусса шикоят, ки дар тариқи адаб

            Ба роҳате нарасид он, ки заҳмате накашид!

  Ва ё мақоли маъруфи мардумии  «гандум корӣ, гандум даравӣ, ҷав корӣ – ҷав»-ро ба тарзи дилнишинтаре ифода намуда, аз номи деҳқони солхўрдае, ки таҷрибаи ғании рўзгору шудгор дораду ба писараш насиҳат медиҳад, чунин овардааст:

              Деҳқони солхўрда чи хуш гуфт бо писар,

              К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ!

  Ҳофиз дар мавриде мегўяд:

           

             Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

             В-он чи худ дошт, зи бегона таманно мекард.

             Бедиле, дар ҳама аҳвол Худо бо вай буд,

             Ў намедидашу аз дур «Худоро!» мекард!

  Дар таҳтулматни ин байт маънии мақоли «об дар кўзаву мо ташналабон мегардем» қарор дорад, вале, аслан, мурод аз таъбири талмеҳомези «ҷоми Ҷам» дили ноку рўшан ва мазҳаби софи ориф аст, ки ҷилвагоҳи ҷамоли ҳақиқат, ойинаи тамомнамои кулли розҳои нокушуданию мубҳами офариниш ба шумор меравад.

   Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) дар ҳамин услубу маънӣ, вале бо ҳадафидигартари сўфиёна, чунин мефармояд, ки назирашро дар осори бисёр шуарои форсигў метавон дучор омад:

                 Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!

                 Маъшуқа ҳамин ҷост, биёед, биёед!

                 Маъшуқи ту ҳамсояи деворбадевор,

                 Дар бодия саргашта шумо баҳри чароед?!

                 Гар сурати бесурати маъшуқа бибинед,

                 Ҳам қиблаву ҳам Каъбаву ҳам хона шумоед!

 Ҳофиз, аксаран, бо истифодаи як масал дар як байт иктифо наварзида, бар он масали дигареро ҳам илова менамояд ва дар натиҷа, шоҳиди беҳамтои санъати ирсолулмасал ба зуҳур меояд. Ва дар як байт устодона гунҷонидани ду зарбулмасал (ё мақол) ва ё мақолу ташбеҳу саноеи дигари бадеӣ гувоҳи рўшани истеъдоди беназири фитрӣ ва тахаюли фарохи шоирии ўстанд:

                   Ба мастурон магў асрори мастӣ,

                   Ҳадиси ҷон мапурс аз нақши девор!

  Шоир барои тақвияти даъвои худ дар шеъраш аз падидаҳои зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷрибаву амалияи ҳаёти шахсӣ ва ҳикмати рўзгори мардумӣ мисолу шоҳиди равшани маънӣ меорад, ки чунин амалеро дар илми бадеъ тамсил ё ирсоли масал меноманд, ки дар ашъори Ҳофиз борҳо бамаврид истифода шуда, афкору ангорашро ба мардум қаринтару фаҳмотар гардонидааст:

                   Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,

                   Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махур!

 Дар воқеъ маънию муҳтавои байте, ки Ҳофиз офаридааст, бахусус, агар дар он мақоле ҷой дошта бошад, аз назари тозаву навоварона ифода ёфтааст. Ҳар мисра дар назари хонанда аз мисраи дигар равонтару суфтатар ва пурмаъниву фаҳмотар аёну баён шудааст. Масалан, ақоиди инсондўстӣ, хайрхоҳӣ ва бечорапарастияшро Ҳофиз дар ҳар байте ба тарзу тобише бадеътар ифода намудааст, ки хосси табиати суханвари лисонулғайби қудсист:

                      Май бихур, мусҳаф бисўзу оташ андар Каъба зан,

                      Сокини бухтона бошу мардумозорӣ макун!

              Ва ё:

                      Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун,

                      Ки дар тариқати мо ғайр аз ин гуноҳе нест!

Маълум мешавад, ки шоир бадӣ кардан ба мардумонро аз бадтарин хислатҳои инсонӣ мешуморад ва дар мисоли худ одамонро ҳушдор медиҳад, ки раҳсипори чунин роҳи нораво набошанд: 

                      Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,

                      Ки растагории ҷовид дар камозори

   Аблуқосими Фирдавсӣ ҳам ба тобиши дигаре дар ин маънӣ фармудааст:

                      Намурд он, ки неккирдор буд,

                      Биёсуду ҷонро ба Яздон супурд.

Дар девони Ҳофиз байте ҳаст ба ин сурат:

                     Бе хор гул набошаду бе неш нўш ҳам,

                     Тадбир чист, вазъи ҷаҳон инчунин фитод!

Дар мисраи якуми байти мазкур ифодаи манзуму марғуби ду мақоли мардумӣ ҷой дорад: «гул бе хор нест» ва «нўш бе неш нест», зеро дар урфият мегўянд, ки «гули бехор куҷост?!», «гўшт бе устухон намешавад», «бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд», «то меҳнат накунӣ, роҳат набинӣ», ки ҳамаро Ҳофиз дар як мисраъ басо мўҷазу суфта корбаст намудааст.

         Дар байни халқ мақоли «бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» маъмул аст, ки дар ғазали Ҳофиз ба шаклу тарзу тобишҳои дигаре ифода ёфтааст:

                      Он чи дар ойина ҷавон бинад,

                       Пир дар хишти хом он бинад!

 Ва ё:

                      Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,

                      Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ!

 Дар урфият мегўянд, ки «сир додӣ, сар додӣ!», «сирри дўстон пўшида беҳ» ва «мард сар медиҳаду сир не», ки Ҳофиз дар ҳамин мазмун овардааст:

                       Ба шамшерам заду бо касс нагуфтам,

                       Ки рози дўст аз душман ниҳон беҳ!

  Ҳамин тариқа, Ҳофизи малакутӣ дар ғазалиёти шўрангези худ тавассути рафъати андеша ва вусъати дониш аз дурдонаҳои хазинаи ҳикмати мардумӣ – зарбулмасалу мақолҳои намакину нишонрас хеле бамаврид истифода бурда, ба ин васила ғазалҳояшро содаву рангин ва равону дилнишин гардонидааст.

  Ҳофиз, пеш аз ҳама, ситоишгари донишу маърифат, покию сафо, мурағғиби ғояҳои олии инсонпарастӣ мебошад ва ба ин ҷиҳату сифати осораш борҳо ба ҳисси ифтихори арзанда ишора ҳам мекунад:

                     Ҳофиз ин гавҳари манзум, ки аз табъ ангехт,

                     Асари тарбияти Осафи Сонӣ донист!

  Файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитсше (1844-1900) аз қироати ғазалиёти Ҳофиз ба ваҷд омада, чунин муроҷиаташ карда буд: «Ҳофизо! Майхонае аз ҳикмат бино кардӣ, ки аз бузургтарин кохи ҷаҳон бузургтар аст ва дар он бодае аз лутфи сухан фароҳам овардӣ, ки аз бардошти нўшидани дунёе бештар аст».

 Барҳақ, алломаи дорулфунуни шеъру тафаккури ориёнажодону форсизабонон Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар эроду эҷоти абёти моломоли ҳикмату ҳидоят устодест беназиру бебадил, ки ҳаргиз улувви суханварию ҳикматандеширо саҳлу муфт соҳиб нагардидааст. Заминаи нумўъу василаи нубуғаш омўзиши осору афкори мардуми соҳибзавқу ниёкони офаридгораш будааст. Барои мисол, ў дар ғазале мегўяд:

                       Некномӣ хоҳӣ, ай дил, бо бадои суҳбат мадор,

                     Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад!

Албатта, дар заминаи ҳикмати мардумӣ ва талаботи ахлоқии бостонии халқамон, ки умре «бо моҳ шинӣ, моҳ шавию бо дег шинӣ, сиёҳ» мегўяду дур аз бадон буданро талқину тайид медорад ва аз устод Рўдакиву Ибни Сино то устод Айниву Лоиқ мавриди такаллум қарор гирифтааст, офарида шудани чунин абёт огаҳонро пўшида намебошад.

      Аз ҷумла, чунин маъниро Абулқосими Фирдавсӣ дар байте ифода кардааст, ки барангезандаи илҳоми Ҳофиз ҳам шудану буданаш аз воқеият дур нест:

                    Ҳаст танҳоӣ беҳ аз ёрони бад,

                    Нек чун бо бад нашинад, бад шавад!

  Ва ё мақоли халқии «на ҳар ки сари тарошида дорад, дарвешу қаландар аст» машҳуру маншур аст, ки Ҳофиз дар ҷое айнан истифода бурдасташ;

                    Ҳазор нуктаи бориктар зи мў  ин ҷост,

                    На ҳар кӣ сар битарошад, қаландарӣ донад!

       Дар ғазали дигар устоди сухан ҷавҳари мақоли халқии «кори ҳар буз нест хирман кўфтан»-ро басо фасеҳу бадеъ ифода намуда, шеърашро мутасавиру хотирнишинтар гардонида тавонистааст:

                   На ҳар кӣ чеҳра барафрўхт, дилбарӣ донад,

                   На ҳар кӣ ойина созад, сикандарӣ донад!

                   На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

                   Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад!

   Чунин байтҳое, ки тавзеҳдиҳандаву ифодакунандаи ягон панду ҳикмат, яъне зарбулмасалу мақоли маъмулу маъруфи халқӣ ҳастанд ва барои ҳадафгиртар омадани афкору ангори шоир ба кор андохта шудаанд, дар ашъори Ҳофиз хеле зиёданд.

  Шоир мушоҳидаҳои худро бо суханони суфтаи халқӣ, бо таҷрибаи андўхтаи мардум муқояса намуда, гоҳе ба мифологияи таърихиву афсонавӣ рўй меорад. Хубтару хуштар аз ҳама муваффақ мегардад, ки мусоҳиб андешаҳояшро мушаххас эҳсос намуда, фалсафаи мактаби ахлоқияшро бо ақлу фаросати хеш дарёбад.

 Ҳофиз дар ҳар ғазалаш як олам маъниро бо мақсади хулқухўйи ҳамида омўзонидани умум, ба роҳи некиву накўкорӣ ҳидоят доштани мардум ва дар аъмоқи хотираҳо нишонидани гуфтори неку рафтори неку пиндори нек ироаву ифода намудааст.

 Бемуҳобо, ҳар байту ғазали шўрангезу диловези Хоҷа Ҳофиз бо ягон панду андарзи мардумӣ, андешаи ҳакиму файласуфе номӣ ва фармудаи судманди фурқонию набавӣ ҳамбаставу ҳамсангу ҳамрадифу ҳаммарому ҳаммаъност, ки чунин сифот афкору ангори раҳнамои шоири малакутиро барои фаҳму дарки тўдаҳо мусоиду мувофиқтар ва шифобахшу давогари амрози қалбу рўҳашон гардонидааст.

               Беҳуда худи шоир этимодбахшона ҳушдор намедиҳад, ки

                         Шифо зи гуфтаи шаккарфишони Ҳофиз ҷўй,

                         Ки ҳоҷатат ба илоҷи гулобу қанд мабод!

  Таҳаммулу дурандешӣ, ростию покизакорӣ, худогоҳию сарбаландӣ, қаноату бурдборӣ,илмомўзию зиндагифаҳмӣ, хушгуфторию мулоҳи-закорӣ, тарки одати зишту донистани қадри ҳаёт, даст кашидан аз ғайбату фитна, канораҷуйӣ аз мансабу сарвати дунё – чунинанд нуқли панду ҳикмати пурқанди Ҳофиз, ки мехоҳад тавассути абёти рангин инъому исори ҳамагон, махсусан, ҷавонони саодатманди давронҳо, гардонад:

                 Гўш кун панд, ай писар в-аз баҳри дунё ғам махур,

                 Гуфтамат чун дурр ҳадисе, гар тавонӣ дошт гўш!

 Хушбахтона, ба ҳарфи дилкашу беғаши Ҳофиз пиру барно, дар тамоми замону маконҳо, аз Саро то Сурайё, сипосгузорона гўш дода, ашъорашро мехонанду месароянд, афкорашро ҳалқаи гўши хушашон медоранд:

                 Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,

                 Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст!

   Бале, шеъри Ҳофизи ширинадо имрўз ҳам беҳин таронаи дилу рўшантарин чароғи маҳофили мост. Ва ба хотири осонии мушкили ҳаводорони мутааддиди каломи нерўбахшу ҳидоятгараш мунтахаби ҳозирро пешкашатон намуда, давлати ҳамсуҳбатии нобиғаи тамоми давру замонҳо ва мулку маконҳоро барояшон саъду мусмар мехоҳем ва ба қавли худи шоир мегўем:

                     Насиҳат гўш кун, к-ин дурр басо беҳ

                     Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ!

                                                                  Асрори Раҳмонфар, Душанбе, 20.11.2007.

 Ин буд сарсухани донишманди тоҷик ба китоби  “Насиҳат гӯш кун, ҷоно...”, ки соли 2008 дар нашриёти “Маориф ва фарҳанг” чоп шудааст.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд ва аз баҳраҳо бардоранд. 

Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,

сармутахассиси шўъбаи кўдакон

ва наврасони КМТ