Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад

Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад

9 января 2020 08:01

Количество просмотров: 32393

 Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд. Ин матлабро устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров иброз намуда, доир ба ёдгории қадимаи халқи тоҷик — Саразм андешаҳояшонро чунин баён карданд:

Оид ба маданияти маънавӣ ва эътиқодии ниёгон бояд зикр намуд, ки маънавияти онҳо ба маданияти моддиашон шабеҳ буд. Дарёфти бозубанд, шаббаҳои тиллоӣ, ҷому марҷонҳои нуқрагӣ, оташгоҳҳои мудаввару чоркунҷаи муқаддас, ҳайкалчаҳои одаму ҳайвоноти аз гилу санг сохташуда ва нақшҳои сеҳрноки дар танаи девору зарфҳо кашидашуда аз дараҷаи баланди тараққиёти маънавии онҳо шаҳодат медиҳанд. Тадқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки сокинони Саразм зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукӣ аз худ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи халқи тоҷик Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ буда, аввалин бор бобати он бостоншинос, номзади илмҳои таърих, Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти «Чимқӯрғон» (ҳоло «Саразм») Ашӯралӣ Тайлонов маълумот медиҳад.

Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 дар вақти сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо карда, ба кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нишон медиҳад. Бо маслиҳати онҳо бозёфтро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, месупоранд. Ин ҳодиса сабаб мешавад, ки оид ба таърихи Саразми қадим бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов аввал мақола, сипас, соли 1991 китоби илмии калонҳаҷми «Саразм. К вопросу становления раннеземледельческой культуры Зеравшанской долины (раскопки 1977 — 1983 гг.)» — ро нашр намуд.

Соли 1978 таҳти роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоқов гурӯҳи археологии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар он ҷо ба тадқиқот шурӯъ намуд. То соли 1985 чор бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда, масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз ҳафт хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метри мураббаъ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагӣ ва масоҳати бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад.

Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон, аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст.

Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар он ҷо наҷҷорию кандакорӣ, кулолгарию оҳангарӣ, дӯзандагию пазандагӣ тараққӣ карда буд. Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд.

Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб, давлати Ҳинд робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои даставори тарозу, зарфҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда аз ин шаҳодат медиҳанд. Муҳим он аст, ки кулолгарони Саразм аввалин шуда, дар минтақаи Шимолу Шарқи Осиёи Миёна ба сохтани зарфҳо ва нақшбандии онҳо шурӯъ намуданд. Зарфҳои гилӣ аз рӯи намуди берунаашон ба зарфҳои нақшдор ва бенақш ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳ боз ба ду гурӯҳи дигар-зарфҳои нақшини дуранга (монохромӣ) ва серанга (полихромӣ) тақсим мешаванд.

Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ю. Ф. Буряков, доктори илмҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия Пол Бернар, узви вобастаи Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Асқаров, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. А. Литвинский, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев – муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, мудири бахши Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих Б. И. Маршак, академик Р. Масов, бостоншиноси машҳури Франсия Ҷон Клод Горден пажӯҳиш гузаронидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 — 2005) ба Саразм ташриф бурданд.

Иқдоми Пешвои миллат — таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблии Сарвари хирадманду дурандеши мамлакат маҳсуб шуда, водор месозад, ки мероси қадимиамонро ҳифз карда, онро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 Равшан УСАНОВ, Сафар ЭРКАЕВ,
 устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Б. Ғафуров