Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ПРЕЗИДЕНТИ ОРМОНУ УМЕДҲО

16 Ноября 2021 10:11

Количество просмотров: 312

Саҳифаҳои таърихро қиссаҳои рангини қаҳрамониҳои қаҳрамонон, корнамоиҳои ҷоннисорон, амалҳои ҷасуронаи фарзонафарзандон, ғалабаҳои тақдирсози шуҷоатмандон ва хираду заковати ҳомиёни халқ ҳамеша ҷило мебахшанду омӯзанда мегардонанд. Бо ин манзур таърихи навини давлатдории тоҷиконро баъди садсолаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷило бахшида тавонистанд, ки алакай бо ҳукми таърих касеву чизе онро инкор карда наметавонад. Ин абармард қаҳрамонӣ кард, корнамоӣ нишон дод, бо ҷасорат миёни обу оташ рафт, ҷангро аз байн бурду ғолиб омад, сохторҳои асосии иҷтимоиёту иқтисодиётро эҳё намуд ва бо хираду заковати хеш дигаргуниҳои куллиро дар зиндагии як миллат ба вуҷуд овард. Ин ҳама осон ба даст наомадаанд ва достонҳои қаҳрамониҳояш аз шебу фарози зиёде иборатанд, ки ҳамчун маҳсули заҳматҳояш бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд. Бо дилу нияти пок ва пур аз хайру шафқат алакай дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ҳар як ҳақиқату ботилро амалҳои ҷавонмардонаи ин фарди наҷотбахш барои халқ рӯшан гардонид. Ҳамин ҳақиқат буд, ки халқ дӯсту душмани худро шинохт ва дар пояи меҳвару ваҳдат гирди ҳам омада, ватани хешро обод гардонид. 
Ҳикмати маълуме дар олами сиёсату иҷтимоиёт вуҷуд дорад, ки фишору зурии ҳокимиятҳо ғалаба дошта бошанд ҳам, вале ин ғалабаҳо поянда нестанд. Зеро ин фишору сиёсатҳои иҷборӣ дар пояи манфиатҳои фардиву гуруҳӣ сурат гирифта, аҳамияту арзишҳои комили иҷтимоиро соҳиб нестанд. Таҷрибаву мушоҳидаҳо ин ҳақиқатро исбот карда метавонанд, ки дар сангари муборизаҳо манофеи фардӣ муҷиби бадбахтиҳои одамон гардидааст. Дар ҳар кишваре, ки ин усул (таъзийқ, даҳшатафканӣ, таҳдид, фишор, худкомагӣ ва ғ.) истифода гардидааст, моликони чунин ҳокимиятҳо бо кутоҳтарин фурсатҳо умри бебақое доштаанд. Иҷборан ваҳдату ягонагиро ба вуҷуд овардану таъмин кардан аз имкон берун аст ва боз ҳам таҷрибаи баъзе кишварҳои аз нигоҳи ҳарбиву низомӣ нерӯманд нишон медиҳанд, ки бо чунин усул метавон танҳо ваҳдату ягонагии тираву сунъиро соҳиб гардид. Дар ин маврид ваҳдати тоҷикон ҷиҳати хосу омӯзандаро дорад ва халқи тоҷик дар симои президенти худ бо муҳаббат ин ваҳдатро дарёфтааст. Оғози солҳои навадум саҳифаҳои нангини ҳаёти халқи тоҷик буд ва даҳҳо гуруҳҳову нерӯҳову мансабталошони алоҳида зери ниқобҳои гуногун бо бозӣ намудан бо тақдири халқ талоши салтанатхоҳӣ мекарданд. Дар ин давраи пурфоҷиаи миллат Эмомалӣ Раҳмон олудаи ягон бозии сиёсӣ набуда, дар давраҳои тақдирсӯзу тақдирсози солҳои навадум ягон ҳизбу созмонеро сарварӣ накардааст ва танҳо барои нанги миллат тани танҳо аз миёни халқ бо ҷасорат ба олами сиёсат ворид гардидааст. Ҳизбу созмон барои ӯ дар ин давраи ҳассосу пурфоҷиа танҳо таъмини сулҳу ваҳдату якпорчагии сарзамини дар миёни оташ қароргирифта буд. Барои сулҳ бо ҷанг далерона дар набард шуд ва ин шукуфоиву суботи имрӯзаи ҳаёти моро ҳамин нияти неки эшон баракат бахшидааст. 
Қудрату нерӯ ҳамеша дар он ҷоест, ки агар дар онҷо ҳақиқат вуҷуд дошта бошад. Дар меҳвари ҳақиқат қарор доштани ҳар як шахсият бидуни ҳамагуна монеа хизматҳои барҷастаи ӯро барҷастатар нишон медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин мавқеъ дар ҷомеа нуфуз пайдо карданд ва ҳақиқати кори ӯро аз оғоз то имрӯз сулҳу суботу пешравии ҷомеа ташкил медиҳад. Ҳақиқати кору фаъолияти ӯ танҳо як таркиб дорад, ки он зиндагии осудаи ҳамватан аст. Дар роҳи амалӣ гардидани ҳар як тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатҳои комиле (принсипҳои деморатӣ, раиятпарвариву сулҳхоҳӣ, ташаббускориву созандагӣ ва ғ.) таҳрикдиҳанда мебошанд, ки онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Ҳақиқатҳое, ки дар партави он натанҳо манфиати як халқу миллат, балки даҳҳо халқу миллатҳои минтақаву ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он дар меҳвари ҳақиқат қарор гирифтаанд, ки дар партави онҳо хираду фарҳанги миллати куҳансолори сулҳдӯсту ифоқаҷӯи тоҷик ҷилва дорад. 
Ҳақиқати бузургу сутуданӣ он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адолати сиёсиву иҷтимоиро тантана бахшид ва сулҳу сафоро ба ҷои ҷангу нифоқ барқарор кард. Халқ ҳамон вақт ба қадри адолат мерасад, ки агар ноадолатиро дида бошад. Ноадолатиҳои остони истиқлолияти мо он буд, ки касе манфиату молу ҷони ин халқро пуштибонӣ намекард ва ё, наметавонист. Аз нифоқу ҷудоиандозиҳо тоҷик ранҷу азият дошт. Халқро аз чунин варта наҷот бахшидан, муътақиду муттаҳид намудан ва дар роҳи ягонагиву созандагӣ роҳнамоӣ кардан, кори осон набуду нест. Наҷотбахши халқ садҳову ҳазорҳо не, балки як нафар мешавад, агар ӯ истеъдоди роҳнамоӣ карданро дошта бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як нобиға ин рисолатро ба дӯш гирифтанд, халқро эҳтиром карда тавонистанд ва аз ҷониби халқ сазовори эҳтироми ҷавобӣ гардиданд. Ин эҳтиром аз он ба вуҷуд омад, ки ин абармард ҳамчун роҳнамои асили халқ ҳеҷ вақт дар қавлу ваъдаи худ таъхир накардаанд ва ҳамин аст, ки ин эҳтироми халқ ба муҳаббати бузурге ҳам табдил ёфт, ки аз он бузургтар нерӯе вуҷуд дошта наметавонад. Пешвои миллат ба халқи худ эътимод дорад ва ҳама амале, ки анҷом медиҳад, бо нерӯи садоқатмандонаи ҳамин халқ анҷом медиҳад. Ҳама нақшаву барномаҳои стратегии муҳимро дар партави манфиатҳои ҳамин халқ амалӣ мегардонад. 
Ҳақиқати дигар он аст, ки фарҳангу худшиносӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҳким ёфт, миллати тоҷик ба истиқлолияти фикрӣ расид ва акнун дар таколуми фарҳангӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёд чун як давлати соҳибтамаддун муаррифӣ мегардад. Фарҳанги тоҷикон олами пурғановатест, ки аз ҳазорон шоха иборат буда, чун ҳуҷҷати асил аз ҳастии ин миллат дарак медиҳад. Дар ин самт дину ойин ҳамчун як бахши аъзами ин фарҳанг уфуқнамои инкишофи ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо дар сурати рисолати фарҳангии он (на сиёсӣ!) метавон ба дастоварду комёбиҳо муваффақ гардид. Ин таззод ва нуқтаи ҳассосро дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барвақт дарк намудаанд ва ҳамон дину эътиқоди инсондӯстонаеро дар ҷомеа дидан мехоҳанд, ки онро аҷдодони мо доштанд. Бесабабу беҳикмат набуд, ки бори дигар ба ҷаҳониён судманду саодатманд будани таълимоти таҳаммулгароии мазҳаби Имом Абӯҳанифаро ёдрас намуданд. Кори неку хайр ва амалҳои пурсавоб аз оғоз то имрӯз дину диёнат ва имони устувори ин абармардро ташкил медиҳанд. Дасти ятимонро гирифтан, бепарастору маъюбонро нигоҳубин кардан ва кумак ба нотавонмандону пирони барҷомонда – ҳамин аст, дину диёнату ибодати ин нобиғаи нотакрори миллат. Хандаи ӯро ҳамон вақт мебинем, ки агар хандаи раияти худро бинад ва ин сифат боз ҳам нишони саодату заковати ин абармард мебошад. 
Тоҷикистон давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва меъёрҳои муосири демократӣ дар он побарҷост. Демократияро аз ҳар ҷониб ҳар гуна шарҳу тафсир медиҳанд. Аммо беҳтарин демократия ин сулҳу сафо дар зиндагии як халқ, низому тартибот дар ҷомеа, маънавиёту фарҳанги пешрафта, инкишофи мураттаби иқтисодиёту саноат ва дар паи меҳнати аҳлона андармон будани халқ мебошад. Тоҷикистон кишвари қонунмеҳварӣ аст ва мардум бо риояи қонунҳои мавҷуда, ки сархати онро Конститутсияи бо тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабулгардида мушаххас намудааст, зиндагӣ менамояд. Халқи тоҷик президенти маҳбуби худро дорад, ки онро ҳамин халқ пазируфтаву интихоб кардааст. Яъне Тоҷикистонро нерӯе идора менамояд, ки дар заминаи иродаи халқ арзи вуҷуд кардааст. 
Назар ба таъбири Арастуи бузург тафсири содаи мафҳуми давлат ин маҷмӯи одамон аст. Аммо ин маҷмӯъ танҳо дар он сурат давлат мешавад, ки агар дар ҷомеа принсипи ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидӣ ҷорӣ бошаду нафаре ҳамчун меҳвар онро таҳти назорат қарор диҳад. Ин масъулияти бузургро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш доранд. Сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он гуна аст, ки дилу нияти дӯсту душманро хуб дарк менамоянд. Барои оне ки бо дӯстиву нияти хайр ба сӯи халқи тоҷик як қадам мениҳад, ҷавобан чанд қадам мегузоранд. Ин амалҳову муносибату фаъолияти давлатдорияшон дар дохилу хориҷи кишвар ӯро маҳбубу сазовори унвонҳои баланд гардонидаанд. Зеро, боз ҳам ҳадафу мароми ин абармард аз оғоз то имрӯз танҳо созандагиву субот аст. Афкору мулоҳиза, фитрату завқ, калому даъват ва пиндору хостаҳояш халқият доранд ва дар партави онҳо танҳо манфиати халқи тоҷик матраҳ нест. Халқияти Эмомалӣ Раҳмонро аз дуру наздик эътироф кардаанд ва ӯро дар минтақаву арсаҳои баланди байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори муваффақи сатҳи баланд шинохтаанд. 
Бузургтарин қаҳрамонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ӯ халқро аз вартаи ноумедӣ раҳо бахшид. Ин раҳобахшӣ на нерӯи низомӣ буду на амалкарди дигар, балки суханони тилоии “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд. Ҳар як дастоварди ӯ ба ин сулҳ иртибот доранду ба ҳамдигар тавъаманд ва дар асоси он зина ба зина давлатдории навини тоҷикон таҳким меёбад. Сулҳро фароҳам сохт ва камари ҳиммат ба бунёдкориҳову созандагиҳо баст. Муваффақияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба халқи худ чунин як қонуниятро ошкору возеҳ мафҳум карда тавонистанд: “Хушбахтиву бадбахтии ҳар як халқ дар дасти худи он халқ аст. Ба умеди ягон бегона намешавем. Касе аз берун омада хонаи мову шуморо обод намекунад”. Инак он созандагиҳои имрӯз босуръат идома доранд ва Тоҷикистон имрӯз бо тай кардани марҳилаҳои зиёд талоши ба пеш қадамҳои устувортар заданро дорад. Ҳадафҳои стратегӣ муваффақона амалӣ мегарданд ва таваҷҷуҳи ҷаҳониён нисбат ба Тоҷикистон торафт меафзояд. Он Тоҷикистонеро, ки ҳамагӣ 2-3 даҳсола қабл хавфи нобудиву парокандашавӣ таҳдид мекард, имрӯз бо шарофати заковату хирад ва кордониву бунёдкории ин абармард ба сарзамини шукуфову пешрафта табдил меёбад.

 2sSVQmmmTLEBXGpNPmeb.jpg




М.ИМОМЗОДА – 
Вазири маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик