Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ҒАЙРАТЗОДА ЛАЙЛО ДИЛОВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

1 сентября 2023 08:09

Количество просмотров: 824

Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳозирини арҷманд, омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Пеш аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, сарпарасти литсейи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро бо шодиву нишот ва зери осмони софу беғубори Ватан ҷашн мегиранд.
Барои ҳар як фарди фарҳангдӯсту толибилм ва махсусан соҳаи маориф Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашни фархунда маҳсуб меёбад. Зеро маҳз дониш ба инсонҳо нерую тавоноӣ мебахшаду фаъолияти босамару густурдаи онҳоро дар ҷодаҳои зиндагӣ таъмин месозад. Оне, ки дониши фарогиру зарурӣ дорад, ҳамеша комёбу сарбаланд аст ва барои халқу Ватан хидмати шоиста ва манфиатбор мекунад. Тавассути донишомӯзӣ ҳар фард дар зиндагӣ ҷойгоҳи ифтихории худро дармеёбад, соҳиби эҳтирому эътироф мегардад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарогирии илму дониш чунин таъкид кардаанд: «Дониши ҳар кас дар муайянсозии шахсияти ӯ маҳаки асосист. Дониш зиндагии моро хушу гуворо, ҷомеаамонро пешрав ва арсаҳои фаъолиятамонро мунаввар месозад». Дониши омӯзгорону заҳматҳои шабонарӯзии Шумо шогирдони азиз аст, ки имрӯз Литсейи Президентиро дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун як махзани илму маърифат мешиносанду эътироф менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи худ ба кулли омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо, ки дар озмуну олимпиадаҳо номбардорони муассиса мебошанд, як ҷаҳон изҳори сипос менамоям.
Хозирини гиромӣ, омӯзгорону хонандагон дар симои Шумо кули мардуми Тоҷикистони азизро бори дигар ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша комёбу пешрафт бошед ва мунтазам дониш омӯзеду кӯлбори маънавии худро пурбортар созед, зеро бузургон фармудаанд:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак!