Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2170 2171 2172
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
25 26 27 28 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Пандномаҳои Ҳусайни Ҳоҷимурод бо номи “Ҳазору як таманно”

 “Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст.     Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм...

Ғоиб Сафарзода – шоири ватанпарвар ва истиқлолхоҳ

Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир мешинохтанд. Шеъраш имрӯз ҳам хонданист, чун шоире буд ҷӯянда, навгӯ.  Ғоиб Сафарзода дар қарияи Муллоҷони ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб аз хонадони к...

Таҳқиқи пурарзиш дар библиографишиносии миллӣ

Дар дебочаи китоб омадааст, ки муаллифон зимни таҳияи ин асар бештар аз осори илмии олимони соҳаи библиографишиносии рус ва библиографишиносони тоҷик истифода шудааст ва ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Зеро, асари мазкур ба  масъалаҳои назариявии библиографишиносӣ: аз ҷумла мафҳумҳо ва истилоҳоти бунёдии библиографишиносӣ, ки заминаи назариявӣ ва методологии силсилаҳои фанҳои библиографиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст.  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи...

Нахустин китоби Мадинаи 12-сола: “Ҳамешабаҳор”

Дар ин китобча нахустин нигоштаҳои талабаи синфи 5-и МТМУ рақами 47-и ноҳияи Сино Мадина Каримзода гирд оварда шудааст. Мадина узви фаъоли махфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбарӣ мекунад. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили “Ҳамешабаҳор” аст. Албатта, нигоштаҳои Мадина ҳанўз шогирдонаанд ва аз камбуд орӣ нестанд.  Вале аз азми устувор ва меҳру муҳаббати самимиаш ба сўханварӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ин ду шеър ч...

Зодрӯзи марди хираду андеша. Агар Зоҳир Аҳрорӣ зинда мебуд, дар 90 медаромад

Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бо...

Тақдими китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб
18 Фев

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии  «Адиб»  ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30  нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.  Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ «Гулчини ашъор»,   А. Афсаҳзод «Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ»,  Т. Зулфиқоров  «Ҷойхонаи лаби Ҷар»  ва чанд номгӯ китобҳои адибону олимони дигари кишвар, ки ҳамагӣ тоз...

Даричаи ошноӣ: Файзализода Ҷумахон Хол – Директори Китобхонаи миллӣ

4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  Муаллифи беш аз 75 асар илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад. Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф  бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.  Файзал...

ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

16.02.2020 ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд

Аз ковишҳое, ки бостоншиносон дар Саразм анҷом додаанд, муайян гардидааст, ки заргарони ин шаҳри қадимӣ  33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳоро месохтаанд. Аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9-то, лоҷувардӣ 6-то, фирӯзагӣ 7-то намудҳои гуногуни марҷонҳо дарёфт шуданд. Ин бар он аст, ки гарчанде заргарон дар зинаи аввали инкишофёбии ҳунар истода бошанд ҳам, бо дастгоҳҳои одӣ асрори санъати коркарди сангҳоро дарёфта будаанд. Бозёфтҳои заргарӣ, аксаран марҷону бозубандҳо мебошанд. Онҳо ҳамчун зебу зиннат дар тӯли ...

Агар адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ зинда мебуд...

Оре, агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале ин адабиётшиноси шинохтаву донишманди хуб умри хеле кутоҳе дошта. Вай дар синни 46 - солагӣ тарки олам кард. Синне, ки мебоист беҳтарин таҳқиқотҳои адабиашро анҷом медод. Ёдаш ба хайр!   Маъруф Раҷабӣ 14 феврали  соли 1955 дар шаҳри Кўлоб ба ҷаҳон  омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории  Кўлобро бо баҳои  аъло  хатм  кардааст. Муддате  дар донишкадаи  номб...