Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар Авасто

4 марта 2020 03:03

Количество просмотров: 20273

Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар тамаддунҳои бостонӣ, аз ҷумла дар тамаддунҳои ҳиндӣ, чинӣ, ориёӣ, мисрӣ, юнонӣ, румӣ ва дигар тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки тавонистаанд дунёро такон бидиҳанд, хеле бузург аст. Дар аксари тамаддунҳо зан дар мақомҳои изад, шоҳ, малика, маслиҳатдеҳи шоҳ, гоҳе вазир, мутафаккир, олим, шоир, нависанда, сарлашкар, ҷанговар, қаҳрамон омадааст. Ба мақому мартабаи зан, махсусан дар динҳои гуногун, эътибори хосса дода шудааст.

 Ба ҷойгоҳ ва мақому мартабаи зан, модар дар китоби муқаддаси Авесто, ки яке аз қадимтарин ёдгории адабиёти бостонии халқи тоҷик маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Вожаи «Авасто» дар паҳлавӣ Апастак, дар таърихномаҳои исломӣ Авасато, Абасто, Апасто, Исто, Усто, Васто омадааст.

 Сардафтари адабиёти класскикии форсу тоҷик – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Авасто чунин ёд кардааст:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ў шарҳ,

Ҳамчу Абастост фазлу сирати ў Занд [11, 95].

 Ин вожа аз пешванди «а» ва сифати «веста» ба маънии шинохтан, донистан гирифта шудааст. Доктор Алиакбар Ҷаъфарӣ бар ин назар аст, ки вожаи Авасто аз пешванди «а» ва «веста» гирифта шуда, он маънии «сухани сарбаста, гавҳари нуҳуфта, рози ниҳонӣ, каломи осмонӣ, рамзи ботинӣ ва болотар аз фаҳми норасои ҷаҳониён» аст.

 Зартушт бо фармони шоҳ Виштосп Авасторо, ки аз 1200 боб иборат буд, дар рўйи тахтачаҳо бо хатти заррин менависад ва онро дар оташкада мемонанд. Дар Динкард омадааст, ки пас аз навиштан бо фармони Виштосп як нусхаи матни Авасто дар Шиз (Ганҷи Шойгон), нусхаи дигараш дар «Дижи нипишт» – китобхонаи Истахр ва нусхаҳои дигараш дар китобхонаҳои дигар ва оташкадаҳо ҷой дода шудаанд. Пас аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ юнониҳо як нусхаи онро сўзонда, нусхаи дигарашро бо худ бурда, ба забони юнонӣ тарҷума намуда, матни асли китобро нобуд мекунанд. Сипас дар замони Ашкониён шоҳ Валахш фармон медиҳад, то сурудҳои Авасторо аз ҳофизаи мўбадон ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб мураттаб созанд.

 Писари Ҳурмузд – Шопур фармон медиҳад, то китоби Авасторо аз нав такмилу таҳрир намоянд ва ин корро Озарбади (Атурпати) Меҳраспандон анҷом медиҳад. Пас аз ин, дар замони Хусрави Парвиз китоби Авасто бо забони паҳлавӣ тарҷумаву тафсир мешавад, ки онро Занд меноманд. Ин китоб аслан аз бисту як бахш иборат будааст, ки то имрўз танҳо шаш бахши он боқӣ мондаааст: «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидод», «Виспарад», «Хурда-Авасто». Ду нусхаи муътабари ин китоб ҳоло дар китобхонаи шаҳри Копенгагени Дания маҳфуз аст.

 Китоби Авасто аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бой буда, чун қомуси зиндагии халқҳои ориёӣ, дониши андўхтаи онҳо аз илмҳои гуногун, аз ҷумла фалсафа, дин, таърих, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофиё, нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, забон ва адабиёт дар давраи бостон шинохта шудааст.

Шакли пуррааш ИН ҶО бихонед.