Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ғолибияти хонандагони пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 7-8 фанҳои табиӣ-риёзӣ

3 мая 2022 03:05

Количество просмотров: 4445

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2022, №518 “Дар бораи гузаронидани даври чоруми ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май даври ҷумҳурияви Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география, биология, технологияи иттилоотӣ) дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор” ташкил ва баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 125 ҷойи ифтихорӣ (ҷойи якум 29 нафар, ҷойи дуюм 47 нафар, ҷойи сеюм 49 нафар) мақоми аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ишғол намуданд.
Аз ҳисоби муассисаҳои таълимии буҷавии пойтахт дар олимпиадаи мазкур 66 нафар (ҷойи якум 15 нафар, ҷойи дуюм 23 нафар, ҷойи сеюм 28 нафар) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.Нишондоди муассисаҳои ғайрибуҷавии шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 59 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 14 нафар сазовори ҷойи якум, 24 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 21 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гаштанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҳисоби ҷойҳои ба даст овардаи хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ноҳияи Сино бо ба даст овардани 69 ҷойи ифтихорӣ ( 19 нафар ҷойи якум, 27 нафар ҷойи дуюм ва 23 нафар ҷойи сеюм) дар зинаи аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ 20 ҷойи ифтихорӣ (2 нафар ҷойи якум, 7 нафар ҷойи дуюм ва 11 нафар ҷойи сеюм) дар зинаи дуюм, ноҳияи Шоҳмансур 18 ҷойи ифтихорӣ (5 нафар ҷойи якум, 5 нафар ҷойи дуюм ва 8 нафар ҷойи сеюм) ва ноҳияи Фирдавсӣ 18 ҷойи ифтихорӣ ( 3 нафар ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 7 нафар ҷойи сеюм) дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.
   Қобили зикр аст, ки аксаран ғолибони дастаи ҳаракати олимпии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиада таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” мебошанд.