Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Оғози даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар

28 марта 2024 09:03

Количество просмотров: 194

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии  «Мактаби байналмилалии Президентӣ» даври ҷумҳуриявии  Олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11 -и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, роҳбарияти «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» , инчунин намояндагони дигари илму маорифи кишвар, меҳмонон, хонандагони макотиби миёна ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ин марҳилаи олимпиада роҳ ёфтаанд, иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро  иброз намуд, ки соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, маҳз бо дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас метавон ояндаи дурахшони миллатро таъмин намуд.
Сипас, Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Олимпиада бо дарназардошти таъмини пурраи шаффофият гузаронида шуда, барои назорати пурраи озмунҳо синфхонаҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои видеоӣ ва сабт  таъмин карда шудаанд.
Бояд гуфт , ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ то 31 марти соли 2024 идома ёфта, дар он дар умум 1127 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар иштирок намуда, давоми 4 рӯз дар ду самт донишҳои илмии худро месанҷанд.
Зикр бояд кард, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки аз ҷониби МД «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ташкил карда шуд, минбари дарёфт ва рушди тафаккури илмии истеъдодҳои наврас дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар хоҳад буд.  Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи фаннӣ ин ба ҳам овардани хонандагони болаёқат аз тамоми манотиқи кишвар буда,  муайян, муаррифӣ ва дастгирии маънавии онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.