Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2024 2025 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
24 25 26 27 28 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Оғози даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11

27 апреля 2023 10:04

Количество просмотров: 1473

Субҳи имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Летсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, директори Летсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.

 

Нахуст Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке, аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Имрӯз дар олимпиадаи мазкур хонандагоне роҳхат гирифтаанд, ки миёни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтаринҳо ба шумор мераванд.
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён баромад карда, хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.
Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур 1006 нафар хонандагони синфи 11 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, ҳуқуқ, таърих) иштирок намуда, олимпиадаҳо бо ҷалби мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Натиҷаи олимпиада санаи 30-уми апрел эълон мегардад.