Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд

Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд

20 Января 2020 03:01

Количество просмотров: 10953

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, дастур доданд, ки: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён чораҳои  иловагиро роҳандозӣ намоянд.  Ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои  зарурӣ андешанд».

АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ фикру андешаи чанд нафар омӯзгорони шаҳри Душанберо  манзури хонандагон  мегардонад.

Омӯзгори  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и шаҳри Душанбе Гулчеҳра САФАРОВА:

— Пешвои миллат нахуст эътимоду боварии самимии худро ба омӯзгорон изҳор дошта, бо дилсӯзӣ афзуданд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Президенти мамлакат  пас аз таҳлилҳои ҳамасолаи хеш пай бурданд, ки як қисм аз омӯзгорон бо ҳамон дониши дар замони донишҷӯӣ омӯхтаашон иктифо меварзанд ва дигар ба омӯзиши паҳлуҳои наву кашфношудаи ихтисоси хеш камари ҳиммат намебанданд. Бо ин сабаб, муҳлати гузаронидани аттестатсия аз 5 сол ба 3 сол тағйир ёфт. Дар баробари ин, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода шуд,  ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад».

Раванди педагогӣ мақсад, мазмун,  вазифа ва методу воситаҳои худро дорад, ки онҳо барои ноил гардидан ба натиҷаҳои ба манфиати ҷамъият равонакардашуда истифода мебаранд. Дар таҳияи китобҳои дарсӣ, таҳияи барномаву раҳнамоҳои вижаи ихтисосӣ низ фаъол бошад. Омӯзгороне, ки дар рафти таълиму тарбия нозуктарин ҷанбаҳои маорифро барои худашон кашф мекунанд, бояд дар шакли матлабҳои ҷудогона интишор диҳанд, ба шогирдонашон чун мавод пешниҳод намоянд.

Муаллими  фанни забони русии МТМУ №70-и  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Бибиоиша ҲАБИБОВА:

— Тавре устод С. Айнӣ мегӯяд: «Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар аз мактабу мадорис».

Мутаассифона, баъзе аз омӯзгорон ба таври бояду шояд масъулият эҳсос намекунанд. Масалан,  дар баъзе аз мактабҳои ноҳияҳои дурдасти  мамлакат  (шояд дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо низ) шоҳиди он мешавем, ки омӯзгор дар ҷараёни дарс машғули бо телефон бозӣ кардан асту ҳушу хаёли хонандагон ба ҳар ҷо парешон. Вазифаҳоро рӯякӣ иҷро намуда, ба хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Ҳатто шунидаем, ки барои гузоштани баҳои хубу аъло аз хонандагон пора талаб мекунанд, ки ин амали нангин ва ба шаъни омӯзгор нозеб аст. Албатта, барои ин гуна бемасъулиятон дар қонун ҷазо пешбинӣ шудааст, ки ин василаро метавон барои сабақ шудан ба дигарҳо низ татбиқ намуд. Ҳол он ки омӯзгоронро зарур аст бо ҳар амалу рафтор ва гуфтор намунаи ибрат бошанд. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфта буданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

48657647262_48ddcb73ff_c.jpg

Дар баробари мавҷудияти ба ин монанд норасоиҳо дар кор комёбиву дастовардҳои омӯзгорон кам нестанд. Хусусан, дар самти иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ. Солҳои охир барои пешрафти соҳаи маориф як қатор қонун, барнома ва тавсияномаҳо қабул гардиданд ва яке аз онҳо «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо шарофати он теъдоди иштирокдорон ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар ҳоли афзоиш аст. Инчунин, мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаъну шараф ва эътибори омӯзгорон аз 28 июни соли 2011 таҳти рақами 14/44 «Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Итминон дорем, ки санадҳои номбурда ба ташаккули фардии ҳар як омӯзгор, дурусту самаранок гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ мусоидат хоҳанд кард.

Омӯзгори фанни химияву биологияи МТМУ №51-и  шаҳри Душанбе Маликамо НИСОЕВА:

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз ҳашт сол ­қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид. Ҳадаф аз он пешгирии ҷинояткориву бадахлоқӣ дар байни кӯдакону наврасон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти волидайн дар ин самт аст. Тавре Пешвои миллат иброз дошта буданд: «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд».

Бояд эътироф намуд, ки танҳо ба мактаб ва омӯзгор вобаста донистани таълиму тарбияи насли наврас ғалат аст ва то қабул шудани қонуни зикршуда волидайн аз ҳар гуна масъулият озод буданд. Аз ин рӯ, дар гузаштаи начандон дур аксар падару модарон ҳатто намедонистанд, ки фарзандони онҳо ба мактаб мераванд ё не. Вақти холигиро дар куҷо ва бо киҳо мегузаронанд ва чӣ гуна ахлоқу одоб ва таҳсил доранд, барояшон муаммо буд. Бисёре аз наврасон то нисфи шаб дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои гуногуне, ки ба тарбияи онҳо таъсири бад мерасонид, машғул шуда, барои дарс тайёр кардан вақт ҳам намеёфтанд. Шабҳо дар кӯчаҳо овора гаштани кӯдакон зиёд ба назар мерасид. Низоъ ва занозанӣ низ миёни онҳо кам набуд. Худи волидайн ба маҷлиси падару модарони фарзандон намеомаданд. Натиҷа он шуд, ки то ҳол баъзан дар бораи шомил шудани ҷавонони кишвар ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ  маълумот ба гӯш мерасад.

Қабули қонун, хушбахтона, он ҳама бетартибиро аз байн бурд. Низоми кори бисёр муассисаҳои таҳсилоти кӯдакон вобаста ба талабот  тағйир дода шуд. Шабона дар кӯчаҳо беназорат ва беҳуда гаштани кӯдакон қатъ гардид. Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба низ нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидайн қарор доранд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» самараи нек ба бор оварда, барои падару модарон ҳамчун дастуру раҳнамо хизмат карда, онҳоро водор менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетафовутӣ зоҳир нанамуда, якҷо бо мактаб ва омӯзгорон дар ин кор саҳм бигиранд. Табиист, ки қонун нисбат ба волидайни бепарвову масъулиятношинос, барои рафтору амалҳои ношоистаи фарзандонашон муҷозот низ муқаррар кардааст, ки басо зарур буда, онҳоро водор месозад, ки ҳам ба таҳсил ва ҳам ба рафтору кирдори фарзандон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро барои гуноҳу рафтори бади фарзанд муҷозот шудан обрӯи падару модарро дар ҷомеа метавонад коҳиш диҳад. Мардум беҳуда намегӯянд, ки «фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар».

Қонун масъулияти мактаб ва омӯзгоронро низ кам накард. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фаъолиятро тибқи талаботи он ба роҳ монда, шогирдонро лоиқу сазовори асру замон, ватандӯсту фарҳангдӯст ва ҳушёру зирак ба воя расонем.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 дар мамлакат  ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

АМИТ «Ховар» 9.png