Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2022

14 декабря 2022 12:12

Количество просмотров: 2257

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар МТХ “Мактаби муосири байналмилалӣ Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Дамонзода Хусрав – муовини аввали Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қодирзод Руслан – муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Давлатзода Насимҷон – Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, Саломиён Нусратулло – Директори “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ва масъулини сохторҳои маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи панҷ номинатсия: “Панҷгонаи беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”, “Беҳтарин дастаи олимпӣ аз ҳисоби фанҳои таълимӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”, “Ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон”, “Ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаи “Spelling Bee”, ва Ғолибони даври ноҳиявии олимпиада оид ба “Шоҳмот”, мушарраф гардиданд.
Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар Олимпиада бадастоварда аз рӯи номинатсияи “Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои олимпии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”,
- ҷойи якум дастаи олимпии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 167 ҷойи ифтихорӣ,
- ҷойи дуюм дастаи олимпии Литсей №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 124 ҷойи ифтихорӣ,
- ҷойи сеюм дастаи олимпии Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо бадастовардани 95 ҷойи ифтихорӣ,
- ҷойи чорум Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, бо бадастовардани 78 ҷойи ифтихорӣ
- ҷойи панҷум Гимназияи Кафолат, бо бадастовардани 65 ҷойи ифтихорӣ инчунин муассисасоҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, бо бадастовардани 78 ҷойи ифтихорӣ,
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101, бо бадастовардани 43 ҷойи ифтихорӣ,
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92, бо бадастовардани 42 ҷойи ифтихорӣ,
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89, бо бадастовардани 40 ҷойи ифтихорӣ,
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, бо бадастовардани 33 ҷойи ифтихорӣ бо Ҷом ва ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи Беҳтарин дастаи олимпӣ аз ҳисоби фанҳои таълимӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забони англисӣ бо бадаст овардани 27 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забон ва адабиёти рус бо бадаст овардани 23 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забони давлатӣ бо бадаст овардани 13 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забони русӣ бо бадаст овардани 25 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бо бадаст овардани 20 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни химия бо бадаст овардани 13 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино; - Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бо бадаст овардани 20 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни биология бо бадаст овардани 22 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни таърих бо бадаст овардани 8 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни математика бо бадаст овардани 25 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ бо бадаст овардани 13 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ бо бадаст овардани 14 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни география бо бадаст овардани 14 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино;
- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, беҳтарин дастаи олимпӣ аз фанни физика бо бадаст овардани 11 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино бо Ҷом ва ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Дар идомаи маросим ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо медал ва диплом қадрдони гардиданд.

Дар фарҷоми маросим муассисаҳои таълимие, ки дар рушди ҳаракати олимпии ноҳия саҳмгузор буданд, бо Сипосномаи Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” сарфароз гардиданд.