2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
29 | 30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
26 февраля 2020 04:02
Количество просмотров: 23045
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ
"Оламе рӯй ниҳоданд ба ашъори Камол,
Ки хаёлоти латиф аст дар оби суханаш"
БАХШИДА БА 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ.
Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.
Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.
Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:
Эзоҳот:Леонард Луизон (соли тав. 1953) исломшиноси амрикоӣ, мавлонопажӯҳ ва пажӯҳишгари адабиёти форсӣ буда, узви бунёди мероси Эрон дар бахши адабиёти классики форсӣ ва сӯфия дар депортамони мутолеоти исломӣ ва арабии Донишгоҳи Эксетеи Ингилистон ва сардабири маҷаллаи «Мавлоно Ревив» аст.
Хуҷанд зодгоҳи Камол – шоири эронӣ, ки шаҳрест дар канораи рӯди Сайҳун дар сарзамини таърихии Мовароуннаҳр. Ҳамон шаҳр, ки юнониён онро Александрошото меномиданд ва дар иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ Савиятобод ном гирифта буд, имрӯз ҷамъияте наздик ба 140 ҳазор нафар дорад. Дар садаи чаҳордаҳум мусофирон масофати Хуҷанд то Самарқанд – пойтахти имперотурии Темурилангро бо шутур даҳрӯза мепаймуданд. Ба навиштаи Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» Камол соле чанд аз ҷавониро дар шаҳри Шуш, дар Ӯзбекистони кунунӣ, дар маҳзари орифе ба номи Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ, ки аз ӯ донистаҳо чандон нест, ба шогирдӣ гузаронид. Аммо манобеи муътабари дигар, чун «Равзот-ул-ҷинон» (таълифи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ машҳур ба Ибни Карбалоӣ) ишорае ба ин шаҳр ё ошноии Камол бо Хоҷа Убайдуллоҳ накардаанд. Аммо Ибни Карбалоӣ, ки ҳеч гоҳ аволими рӯҳиро дар зиндагии орифон нодида намегирад, ба достони дигаре дар ин маврид ишора кардааст: «Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки ҳазрати Махдуми муқаддас, қуддиса сирруҳу, мефармуданд, ки ҳазрати Шайх Камол ... дар авоили ҳол, ки дар Хуҷанд ташриф доштаанд, ба риёзоту муҷоҳидаи тамом ба сар мебурдаанд ва эшонро ҳолоти ғариб рӯй намуда буда. Ва падари эшонро ҳамин як писар буда ва мехостанд, ки вайро кадхудо созанд. Мушорун илайҳиро чандон рағбате бо он набуда, то ин ки ба воситаи иброму илҳоҳи падар розӣ гаштаанд ва духтар ба никоҳи эшон даровардаанд, то дар шаби зифоф ба расми маъҳуд пеши завҷаи худ рафтаанд...».[1]
Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар *«Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст, аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз Шерозу Самарқанд Табрез яке аз се конуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд. Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора Давлатшоҳи Самарқандӣ менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. Дар абёти зер шоир ба васфи манзилу зебоии маҳалле, ки дар он бино шуда, пардохтааст:
Камол дар посух ба муддаиёне, ки бар ӯ ба хотири пазируфтани манзил аз Султон хурда мегирифтанд, чунин суруд:
Дар девони Камол ишораҳо ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва фармонравоён андак ва гоҳ-гоҳ аст, гӯё шоир худро аз тӯфонҳои балое, ки бар гирди ӯ мевазида фориғ мепиндошта:
Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва чи басо дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз мудофиони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки ҳокӣ аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш аст. Ин абёт, ҳамчунин, ба бозсозиву мараммати «Рубъи Рашидия»-и Табрез, ки чанде пеш аз ҳамлаи сипоҳиёни Туқтамиш оғоз шуда буд, низ ишорае дорад.
– «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»). Ин ҷо муаллиф ба иштибоҳ роҳ додааст
Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.
(Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ, Порча) Равшан аст, ки Камоли Хуҷандӣ, ҳаммонанди бисёре аз шоирони он рӯзгор ба Табрез – шаҳри оғушта ба «таб» дилбастагии фаровон дошт. На танҳо шоирон, ки сӯфиёни он даврон, аз ҷумла ҳуруфия Табрезро шаҳри маълуфи худ мешумурданд. Фазлуллоҳи Астарободӣ (740-796 ҳ. / 1339-1393 м.) – пешвои ҳуруфия, Табрезро ба унвони шаҳри мазҳабиву ирфонӣ аз Макка бартар медонист. Аммо макон дар шеъри Камол, ҳаммонанди шеъри ағлаби шоирони мутасаввиф ҳайтае даруниву равонӣ аст, ки дар он шаҳрҳо конуни худогоҳиву қаламрави ҷонанд ва на падидаи моддӣ, ончунон ки дар шеъри шоирони «воқеъгаро» метавон ёфт. Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил, Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад. Камоли Хуҷандӣ дар бисёре аз сурудаҳои худ мадеҳасароро ба хотири мақомхоҳӣ ва имтиёзталабии онон ба боди интиқоду эътирози худ мегирифт:
Бо ин ҳама, бархе дигар аз ашъори ӯ, дастикам ва дар зоҳири амр, нишоне аз мухолифати ӯ бо баҳрамандияш аз силаи подшоҳон нест, гарчи ӯро ҳаргиз наметавон ба сони Ҳумоми Табрезӣ ё Салмони Соваҷӣ шоире дарборӣ донист. Вай ба некӣ огоҳ буд, ки саховати ҳокимон ҳаргиз бетамаъ ва таваққуъ нест ва дар базлу бахшиши онон азобе нуҳуфтааст:
Ин ду байт посухе ба ин даъво аст, ки шоири сӯфимашраб бояд ҳамвора бар неъматҳои дунявиву моддӣ дасти рад гузорад ва бидонад, ки пазируфтани инъоми ҳокимон мояи сустии таваккули ӯ ба Худост. Ва саранҷом шоир бо ишораи дупаҳлӯ ба тахаллуси худ «Камол» нидое фурӯтанона сар медиҳад ва муддаӣ мешавад, ки кори фақиру дарвеш дар баробари султон ҷуз гадоӣ нест. Сурудаҳои Камоли Хуҷандӣ дар ситоиши фармонравоёни замон бисёр андак аст ва танҳо як байт дар ҳамаи девони ӯ ба сипос аз Темури ланг суруда шуда:
Аммо эътирофи шоир дар ин байт, ки расидани ӯ ба дӯстон мадюни лутфи султон аст ва аз ҳамин рӯ сипосгузори ӯст, ба ҳеч рӯй нишони рафтору маниши Камол ва ё кайфияти ашъори ӯ нест. Дар воқеъ, абёти зер, ки аз бахшҳои гуногуни Девони Камол (нусхаи Шедфар) барчида шуда, гӯёи безории жарфи шоир аз ҳимояту карами ҳокими рӯз аст.
Дар бештари мутуни муътабари таърихӣ равобити Камоли Хуҷандӣ бо амир Мироншоҳ – фармонравои темурии Озарбойҷон (дар солҳои 799-802 ҳ ./1396-99 м.) ба унвони унсуре асосӣ дар зиндагии шоир қаламдод шудааст. Дар воқеъ, равобити байни ин амир ва шоир абъоде афсонаӣ ёфтааст. Самарқандӣ дар бораи шахсияти Мироншоҳ менависад: «Чанд сол ба истиқлол дар Озарбойҷон салтанату ҳукумат намуд, подшоҳзодаи хушманзару аҳли табъу мулоим буда ва шуаро дар ҳусну ҷоҳи ӯ ашъор гуфтаанд» . Чунин ба назар мерасад, ки Камоли Хуҷандӣ низ алоқаву иродате мутақобил ба Мироншоҳ доштааст. Ба гуфтаи Муиззӣ – яке аз шоирони он рӯзгори Табрез, бисёре аз шоирони сӯфимашраби он диёр дар ситоиши шахсияту маниши ин амири темурӣ бо якдигар дар рақобат буданд:
Даргузашти шоир ва афсонаҳои пас аз марг. Гарчи Ибни Карбалоӣ аз даргузашти Камол ба сукут гузаштааст, Машриқии Табрезӣ аз муридони побарҷои шоир ва аз ёрони наздики ӯ, моддаи таърихи даргузашти вайро (803 ҳ./ 1400 м.) чунин сурудааст:
Овозаи Камол пас аз марг танҳо ношӣ аз ашъори ӯ набуд. Камолиддин Ҳусайни Гозургоҳӣ дар «Маҷолис-ул-ушшоқ» (ҳудуди 909ҳ.- 1503м.) дар бораи ӯ менависад «Баъзе мегӯянд аз авлиёст ва баъзе мегӯянд аз шуарост. Зоҳиран барзах аст миёни ин ду тоифа ва ҷониби вилояташ ғолиб». Гозургоҳӣ ва Самарқандӣ ҳар ду муътақиданд, ки шахсияти шоир дар сатҳи руҳониву маънавӣ низ мутаҷаллӣ будааст. Дар адабиёти форсӣ - тоҷикӣ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалҳои шоир хам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсӣ - тоҷикӣ шинохта шудаанд.
Ин чанд байт аз ашъори Камол аст:
Достони зер аз Ибни Карбалоӣ дар бораи муршидаш Амир Сафиуддиншоҳи Муҷтабо (даргузашта ба 983 ҳ. /1575 м.) намунае аз афсонаҳоест, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ пардохта шуда:
« Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки дар санаи иҳдо ва арбаъина ва тисъумиа (941ҳ./1534м.), ки румия ба Табрез омада буданд, мардумро андешаи тамом буд, ки лашкари бегонаанд, мабодо, ки қатли ом кунанд ё наҳбу ғорату сабӣ намоянд. Ва дар он валомарази тоун низ дар миёни мардум буд. Аз он низ андешаи тамом буд, ки охир чи шавад? То рӯзе байназзуҳрайн азизе, аҳли диле, Мавлоно Абдуллоҳ ном, ташриф оварданд ба манзили мо ва фармуданд, киимрӯз чун намози зуҳр гузоридам, бар сари саҷҷода маро ғайбате шуд.Дидам, ки манзили васеъе аст, бар болои он манзил ҷое, ки садрхона аст, пири басафое нишаста. Мегӯянд, ки ин Шайх Камоли Хуҷандӣ аст. Дар ин асно, шахси дигар ба ин маҷлис дармеояд, Ҳазрати Шайх ба таъзими вай нимхез мешаванд. Касе мегӯяд, ки ин султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ аст. Баъд аз он ҳазрати Шайх Камол мефармоянд, ки мо понсад касем, ки муҳофизати ин шаҳр мекунем, ки балое нозил
нашавад ба ин ҷо ва ба султонулорифин мегӯянд, ки шумо низ аз он ҷумлаед. Чун ин фармуданд, маро ифоқат рӯй намуд. Филфавр ба мулозимати шумо омадам, ки ин воқеаро маъруз дорам; иншоаллоҳу таоло ташвише нахоҳад буд. Ончунон шуд, ки он азиз гуфта буд, ҳеч гуна балия рӯй нанамуд»