Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Китобхонӣ таътили зимистонаи хонандагонро пурсамар гардонидааст

8 января 2020 12:01

Количество просмотров: 33493

Таътили  зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида шуданд?

Ба гуфти сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳо рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насрӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин ташкили дарсҳои иловагӣ, олимпиадаи ноҳиявию вилоятӣ, барномаҳои илмию адабӣ, китобхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон  баргузор гардида истодаанд.

Бино ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, дар таътил хонандагон пурра ба омӯзиши илму дониш ҷалб карда мешаванд.

 Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби хонандагону наврасон ба илму донишомӯзӣ тасмим гирифтаем, ки дар таътили зимистона 104 маҳфили илмию адабиро бо иштироки адибон ва хонадагон доир намоем.

«Сарраёсати маориф дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи  чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷиҳати барҳам додани зуҳуроти саркардаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб миёни хонандагони саркардаву душвортарбияи муассисаҳои таълимӣ онҳоро дар таътили зимистонаи хонандагон ба маҳфилҳои илмиву мубоҳисавӣ, фарҳангиву варзишӣ ва хондани китобҳои бадеӣ пайваста ҷалб менамояд.

Ҳамчунин аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни китобхони беҳтарин гузаронида шуд»,- иброз дошт Асомиддин Бобозода.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  бо мақсади самаранок истифода бурдани таътили зимистонаи хонандагон тадбирҳои судманд андешидааст.

 Бино ба зикри муовини директори муассисаи мазкур Раббонӣ Ҷураев, дар таътили зимистонаи соли 2020 муассиса як зумра барномаҳоро ба нақша гирифтааст.

Мавсуф иброз дошт, ки «дар маркази мазкур 1513 нафар наврасону кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Айни замон 41 маҳфили илмиву адабӣ фаъолият мекунанд, ки ҳар яки он ба самтҳои гуногун равона шудааст. Дар таътили зимистона барои бофароғат ва судманд гузаронидани  синфҳои омӯзишӣ барои машғулияти хонандагон гӯшаи китобҳои тавсиявӣ ва китобхонаи электронӣ ташкил шуда,  озмуни «Шоҳмотбозони наврас», вохӯрӣ бо муҳаррирони рӯзномаи «Пайрав», викторина бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ, озмуни рассомон байни таълимгирандагон зери унвони «Манзараҳои зимистон» миёни хонандагони муассиса баргузор гардиданд»,- иброз дошт Раббонӣ Ҷураев.

Муассиса бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти холии таълимгирандагон гузаронидани як зумра  олимпиада ва озмунҳоро,  аз қабили олимпиадаи шаҳрии «Шоҳмот», Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе — «Дастони мӯъҷизаофар» ва якчанд  намоишҳоро дар нақша дорад.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавсия дод, ки дар рӯзҳои таътили зимистона хонандагонро бештар ба китобхонӣ ҷалб намоянд.  Ҳадафи ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ барои самаранок гузаронидани таътили зимистона аз рӯи нақшаи чорабиниҳо амал намуда истодаанд.

Сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Диловаршоҳ Исозода иброз намуд, ки «дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вилоят дар ин рӯзҳо даври вилоятии олимпиада байни синфҳои 10 гузашта истодааст. Ҳамчунин хонандагон ба тамошои осорхонаҳо, гузаронидани маҳфилҳои забондонӣ, қироати шеър ва дарсҳои иловагӣ сафарбар гардидаанд».