Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Худ ва наздиконатро ҳифз намо!

4 Мая 2020 01:05

Количество просмотров: 6155

«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ кард.  Аксияи мазкур  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он  мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ихтиёрӣ ҷалб мегарданд.

Дар доираи аксия  кормандони соҳа, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон бо вазъ ва шароити хонандагон шинос гардида, ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар давраи таътил омӯзишро тавассути Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» мустақилона бо ёрии калонсолони аъзои оила, тавассути алоқаи электронӣ бо омӯзгорон ва ҳамсинфон ва дигар имкониятҳо ба роҳ монда, барои худ шуғли муфид интихоб намоянд.

Ҳамзамон аз волидайн  ва калонсолони оила хоҳиш карда мешавад, ки барои кӯдакону наврасон дар хона шуғли муайян, аз қабили ба корҳои хонагӣ пухту паз, тоза намудани хона, ҳавлӣ ва  атрофи он, ҳамкорӣ ва расонидани ёрӣ ба дигар аъзои оила машғул шудан, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, варзиш дар шароити хона, инчунин ба китобхонӣ машғул шуда, шабакаҳои телевизионии ба синну сол мувофиқро тамошо намуда, дар доираи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» адабиёти бадеӣ мутолиа намоянд.

Дар давраи таътили ғайринавбатӣ тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, хонандагону  донишҷӯён имкон доранд китобҳои бадеӣ ва таълимию илмӣ дастрас намоянд.

Иштирокдорони аксия дар маҳаллаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон суҳбатҳо гузаронида, барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маводи маърифатӣ паҳн мекунанд, инчунин қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ,  пӯшидани ниқоб, ҳангоми суҳбат нигоҳдоштани масофаи на камтар аз 1,5 — 2 метр, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусиро тавсия медиҳанд.