Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада ба Шоҳ Ҳушанг нисбат дода мешавад. Нигоҳе ба таърихи иди ниёгон

25 января 2020 10:01

Количество просмотров: 26689

26 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар рӯзи ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад. Дар ин рӯз ташкилкунандагони барномаҳои идона суннатҳои ҷашни Садаро риоя намуда, аз осори шоирони классику муосир дар васфи ин иди ниёгон шеърҳо мехонанд.

Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буд, ки рўзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд. Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, маънои оташро ифода менамояд. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ, яъне пирӯзӣ бар торикист.


Дар ин маврид ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон Муҳаммадсалом Махшулов иброз медорад, ки «тибқи ривоёти «Шоҳнома»  Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ шинос намуд ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.

Аммо дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Чуноне Манучеҳрии Домғонӣ гуфтааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс- Исфандиёр бошад».

«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳоест доир ба ҷашни Сада. Дар он чунин омадааст: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш паи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фавора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта, ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва он ба санги дигаре бархӯрда, оташ падид меояд».

Ба ҳамин монанд ривояту устураҳо доир ба таъриху суннати ҷашни Сада хеле зиёданд.


Бино ба андешаи профессор, фолклоршиноси тоҷик Равшан Раҳмонӣ таърих ва пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва оташ  мебошад, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Он дар фарҳанги шифоҳӣ ва устураҳо  арзи ҳастӣ намуда, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.

Мавсуф иброз медорад, ки ҳарчанд дар ин маврид назарҳо мухталиф бошанд ҳам, ин ҷашн аз қавми ориёиҳо сарчашма гирифтааст. Рамзи асосии он хуршед ва оташ аст, ки ба табиат рӯшноӣ ва зиндагӣ ато мекунад.

Гузаштагони миллати тоҷик ба соҳаи кишоварзӣ шавқу  алоқамандӣ  дошта, ба замин ва чорвопарварӣ таваҷҷуҳи хосса медоданд. Азбаски  ҷашни Сада аз сипарӣ шудани зимистону наздик шудани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда медод, кишоварзон ин ҷашнро бесаброна интизор мешуданд. Маҳз ҳамин аст, ки Садаро ҷашни ҳамагонӣ ном мебаранд.

Муҳаммадсалом Махшулов афзуд, ки маънои Сада панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз мефаҳмонад. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, иди  деҳқонону кишоварзон мебошад ва дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст.

Ба навиштаи Абурайҳони Берунӣ, форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекардаанд. Яъне ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман баробари 29-30 январ баргузор мекарданд. Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» нигоштааст:

Яке ҷашн кард шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Китоб-ул-тафҳим» оид ба Сада чунин менигорад: «Дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он хӯранду рақсу шодӣ кунанд».

Аҷдодони гузаштаи мо дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар атрофи он рақсу бозӣ мекарданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо мехонданд. Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузурги гузашта, чун Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳри Домғонӣ ва Адиб Собири Тирмизӣ қасидаҳо сурудаанд.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон  ҷашни Сада эҳёи дубора пайдо намуд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада, Меҳргон ва Наврӯз ҳамчун идҳои  миллӣ бошукӯҳ таҷлил мегарданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Тайи чанд соли охир аст, ки ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешавад. Яъне Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр ва яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Дар Сада деҳқонон ба такопӯ даромада, ба корҳои баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.

Инчунин суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегиранд. Суннати Сада- афрӯхани оташ то имрӯз дар рӯзи ҷашн ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои аҷдодӣ амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон.