Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Истиқболи дастоварди медали нуқраи хонандаи пойтахт аз олимпиадаи байналмиллалии ҚАФҚОЗ "СМО-2024"

19 марта 2024 10:03

Количество просмотров: 192

Тавре иттилоъ дода будем тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 4 нафар хонанда дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «CMO-2024» аз фанни математика, ки рӯзҳои 11-16 марти соли 2024 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея баргузор гардид, иштирок намуданд. Дастаи олимпии пойтахтро Душанов Азамат – хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд ва бо гирифтани ҷойи II шараф ва нуфузи пойтахти азизамон шаҳри Душанберо баланд бардошт.
Хотирнишон менамоем, ки дастоварди Душанов Азамат дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ солҳои охир назаррас буда бараъло комёбиҳои ӯ мадди назар аст.

1. Дар олимпиадаи байналмилалии JBMO 2020 ҷойи 3- юм
2. Дар олимпиадаи байналмилалии JBMO 2021 ҷойи 1- ум
3. Олимпиадаи байналмилалии IGO 2021 ҷойи 3-юм.
4. Олимпиадаи байналмилалии CMO 2021 ҷойи 3- юм.
5. Олимпиадаи байналмилалии APMO 2022 ҷойи 3- юм.
6. Олимпиадаи байналмилалии IMC 2021 ҷойи 2- юм ва 3- юм.
7. Олимпиадаи байналмилалии IZHO 2023 ҷойи 3- юм.
8. Олимпиадаи байналмилалии IZHO 2024 ҷойи 3- юм.
9. Олимпиадаи байналмилалии CMO 2024 ҷойи 2- юм.
10. Даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии илм фуруғи маърифат ҷойи 1- ум.
Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ хонандагонро намояндагони воломақоми соҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Ба роҳбарият ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ба кулли маорифчиёни пойтахт дастоварди беназир муборак бошад.