Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2022”, “Омӯзгори сол-2022” ва “Хонандаи сол-2022”

13 февраля 2023 10:02

Количество просмотров: 2082

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2022”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2022”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2022”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад.
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №50 АЗ 09.02.2023
Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1.Протоколи ҷамъбастии ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022», ки ғолибони озмунҳоро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
2.Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» тибқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 4 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешбинишуда, 27950 сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
4.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.
5.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ