Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Беш аз панҷ ҳазору ҳафтсад хонандаи толори кӯдакону наврасон дар чиҳил рӯзи охир

11 февраля 2020 06:02

Количество просмотров: 22684

Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст, хабар дод   дирӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Хонандагон дар бештар аз як моҳ зиёдтар аз ҳама китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва адибони муосирро дархост ва мутолиа кардаанд. Бештар барои онҳо “Гулистон” ва “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ,  “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Рубоиёт”-и Умари Хайём, “Ҳазору як андарз” аз Низомии Ганҷавӣ, “Шоҳнома”-и  Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, “Одина”, “Аҳмади девбанд”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, осори ибни Сино, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Қиссаҳои айёми таътил”, “Сулҳ чист?”, “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз, “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ,  “Ҳазору як чистон”-и  Асадулло Сӯфизода, “Дар орзуи падар”-и Кароматуллоҳи Мирзо, “Модарнома”-и Мирзо Турсунзода, гулчини «Маснавии Мавлавӣ», “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, “Чӣ? Кай? Дар куҷо?”, “Духтари капитан”, афсонаву шеърҳои А.С. Пушкин, “Каштанка”-и А.П. Чехов, “Муму”-и И.С. Тургенев, “Об аз куҷо меояд?”-и Аминҷон Шукўҳӣ, “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қисми 1-2 ва ғайраҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.