Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши дуюм

5 февраля 2020 12:02

Количество просмотров: 23975

Эдвард Фитсҷералд кист?

Фитсҷералд дар 31 моҳи март (мусодиф бо айёми Наврўзи Ҷалолӣ) 1809 дар Инглистон ба дунё омад ва дар 14 моҳи июн 1883  падруди ҳаёт гуфт. Фитсҷералд ба соли 1826 аз колеҷи Тринти вобаста ба донишгоҳи Кембриҷ фориғуттаҳсил шуд. Рафту омад ва омўзиши ў бештар бо донишгоҳиён ва шоирон ва аҳли адаб буд. Дар 1844 бо ҷавони ҳаждаҳсолае ба номи Ковел ошно шуд, ки ғарқа дар пажўҳиши адабӣ дар кутуби форсӣ ва испониёӣ буд.

 Фитсҷералд аз хонаводаи мутамаккин (сарватманд) буд, вале дар соли 1848 падараш варшикаст ва ў ночор шуд, ки чанд солеро сарфи таъдил (ба эътидол даровардан) ва пардохти қарзҳо ва беҳбуди корҳои моли хонаводагӣ кунад.

 Ковел дар донишгоҳи Оксфорди Инглистон ба нусхае аз рубоиёти Хайём бархўра ва шефтаи он шуда буд. Ошноӣ бо Ковел Фитҷералдро ба остони Умари Хайём раҳбар шуд. Номбардории Фитсҷералдро бояд, то андозае марҳуни ин ҳусни тасодуф ва ҳусни ташхиси Ковел донист.

 Баъдҳо воқеъи рўзгор миёни ў ва Ковел, яъне дар ҳақиқат миёни ў ва адаби форсӣ фосила андохт, зеро Ковел ба маъмурият панҷсола ба Ҳиндустон рафт.

Фитсҷералд хуб шеър мегуфт, вале кам мунташир мекард. Дар 1849 ва 1851 баъзе осори адабӣ мунташир кард. Вақте, ки болои чиҳил сол дошт 1856 тарҷумаи «Саломон ва Абсол»-и Ҷомиро мунташир кард, гўё ин ки он китоб кам ба фурўш рафт.

Тарҷумаи Фитсҷералд

Тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз тарафи Фитсҷералд кори басо истисноӣ мебошад. Тарҷумаи пеш аз ҳама, дар ҷараёни ошноӣ, омўзиш ва таҳқиқи бисёрсола, дар дарки ашъори форсӣ дар шакли аслӣ, ба камол расида буд. Тарҷумаи ў ба ин далолат мекунад ва барои хонандагони ду адабиёт, ҳисси яксонро пеш меоварад. Аммо тарҷумаи таҳтулафзӣ метавонад дар соҳаи қонуншиносӣ ва ё техникӣ бештар қаноатмандкунанда бошад. Он метавонад дур аз камолот дар пешниҳод намудани тобиши аслии асари санъат бошад.

 Чи тавре ки худ Фистҷералд навиштааст: «Тарҷума наметавонад адабӣ бошад ва дар як вақт рўҳи аслиашро нигох дорад, пеш аз ҳама рўҳу муҳтавои аслӣ бояд нигоҳ дошта шавад». Воқеан, саги зинда беҳ аз шери мурда аст ё гунҷишки зинда беҳ аз уқоби шикоршуда.

    

 Чопи аввали тарҷумаи рубоиёт аз тарафи Фитсҷералд аз 75 рубоӣ иборат буда, дар соли 1859 ба табъ расидааст. Чопи дувум аз 110 рубоиро дар бар мегирифт, вале дар чопи сеюм бошад, нўҳ рубоӣ ихтисор гардид.

 А. М. Терҳюон, профессори Адабиёти классики англис дар Донишгоҳи Сиракуз, солҳо пеш бо ман дар мавзўи зерин сўҳбат намуд, ки мавриди таваҷҷўҳ аст: Хю Волкер, ҳаводори бузурги эҷодиёти Фитсҷералд, навиштааст – шумораи тарҷумаҳо, ки мавқеи ҳамешагиашонро дар адабиёти англис нигоҳ доштаанд, бо ин панҷ маҳдуданд: гунаи аслии «Библия», «Ҳомер»-и Александр Поуп, «Рубоиёт»-и Фитсҷералд ва «Афлотун»-и Бенҷамин Ҷоввет.

Номаҳои Э. Фитсҷералд

 Зиёда аз ҳазор номаҳои чопшуда ва чопнашудаи Фитсҷералд ҷамоварӣ шуда, дар 4 ҷилд бо номи «Номаҳои Фитсҷералд» рўйи чоп омадааст. Бештари аз ин номаҳо порчаеро аз шеърҳои форсӣ дар бар мегирад. Китоб аз тарафи рафиқи дерина ва ҳамкорам Алфред Маккинли Терҳюн (дар моҳи декабри соли 1975 вафот кардааст) ва завҷаи ў Аннабелл Б. Терҳюн ҷамоварӣ ва чоп карда шудааст. Номаҳои Фитсҷералд ба Эдвард Билз Ковелл, Фитсҷералдро бо форсӣ ошно сохта, ўро барои тарҷума кардан водор намудааст.

   

А. М. Терҳюн тайи даҳсолаҳо ҳамчун профессори адабиёти англис дар Донишгоҳи Сиракуз фаъолият кардааст. Давоми солҳои 1955-1967 ў профессори назарияи шабакаҳои электрикӣ ва алоқа дар ҳамон донишгоҳ буд. Профессор Терҳюн оид ба корҳо ва навиштаҷоти ман дар бораи адабиёти форсӣ огоҳ гардида, аз ман хоҳиш намуд, ки дастнависи форси Эдвард Фитсҷералдро дар номаҳои бешумор бихонам. Дар хондан ва арзёбии дасхатҳои Фитсҷералд дар забони форсӣ, ин нависанда бо истеъдоди густардаи шоири англис шинос гардид. Фитсҷералд порчаҳои шеърии шоирони бузурги форс, аз қабили Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва Ҳофизро таҳлил намудааст. Новобаста аз он ки ҳадаф дар ин матн муайян кардани маълумоту дониши Фитсҷералд оид ба назми форсӣ нест, аммо гуфтан мумкин аст, ки руҳия ва моҳияти ашъори классики форсӣ дар омўзишу баррасии ў бартарӣ дорад.

 Дар илова гуфтан мумкин аст, ки ҳатто хатмкардагони таълимгоҳҳои Эрон бидуни омодагии махсус кам моҳияти ашъори Ҳофизро хуб аҳёнан дарк менамояд. Аммо ин вазифа ба таври олӣ аз тарафи шоири англис иҷро карда шуд.

                     (Давом дорад)