Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


«ФАЗИЛАТИ ПЕШВО». Китобе, ки фаъолияти доманадори Президенти Тоҷикистонро ба нафъи миллату Ватан бозгӯӣ менамояд

24 Декабря 2019 12:12

Количество просмотров: 10468

 Устоди  зиндаёд  Мирзо Турсунзода ҳамеша таъкид менамуданд, ки халқи тоҷик аз азал завқи каломи воло дорад. Воқеан, ашхоси гуногун  сарфи назар аз касбу кору пешаи худ ба эҷоди асарҳои бадеӣ даст задаанд ва аксаран муваффақ ҳам шудаанд.  Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Зикри номи марди накӯном Ҳабибулло Назаров кофист, ки ходими  намоёни давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруф буд ва ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра китобҳои хонданбоб, аз ҷумла повести басо шавқовари «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»  мешиносад, ки ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ аз зумраи чунин  нафарони  эҷодкор аст, ки ба қаламаш чандин асарҳои манзуму мансур мутааллиқ мебошанд. Намунаҳои  ашъори ӯ мунтазам дар рӯзномаю маҷаллаҳо  нашр мегарданд ва бастакорон ба онҳо оҳанг мебандад.  Шеъри ӯ “Меарзӣ”-ро дар бораи Пешвои миллат чандин сарояндагон  оҳанг баста, замзама мекунанд.

Инак, китоби навбатии Р.Раҳимзода таҳти унвони «Фазилати Пешво» дастраси хонандагон гардид. Онро метавон  дастури таълимӣ низ номид, зеро дар пешгуфтораш омадааст: «Ин китобест дар бораи фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фаъолияти доманадори эшон ба нафъи миллату Ватан  мактаби  сиёсати давлатдорӣ ва намунаи олии хизмати фидокорона барои халқ мебошад».

Муҳтавои китоб аз номи бобҳояш баръало ҳувайдост: «Шоҳкорҳо барои давлату миллат», «Ваҳдати тоҷикон аз хиради Ҷаноби Олӣ буд», «Бо мардум будан мароми ӯст», «Сулҳовар ва наҷотбахши миллат», «Дипломат ва суханвар», «Афкори башардӯстона ва андешаи ҷаҳонситоӣ» ва ғайра.

Ҳар касе ин китобро мутолиа намояд  ва саҳифаҳои рӯзгори андак  каме сисолаи  Сарвари давлатро  варақгардон кунад, бешак итминони комил ҳосил хоҳад кард, ки мардуми Тоҷикистон, халқе, ки бо Пешвои муаззамаш роҳи  пурпечутоб ва ҳамзамон пуршарафро тай намудааст, ӯро ба шарофати хизматҳои бузургаш дар назди наслҳои имрӯзаву оянда дар радифи абармардони миллат Садриддин Айнӣ,  Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кардааст.

Китоби мазкур басо омӯзанда буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Хотирнишон  месозем, ки  чанд сол муқаддам дар бораи Президенти Тоҷикистон китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалоев таҳти унвони «Долгий путь к миру» («Роҳи тӯлонӣ ба сӯи сулҳ») ба нашр расида буд.

Баъдан онро Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуҳамиди Самад ба тоҷикӣ тарҷума кард, ки арзишаш баҳои воқеъбинона ва холисона ба кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад.

Ба китоби тозанашр — «Фазилати Пешво» мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Асадзода ва академик Носирҷон Салимӣ тақриз навишта, сифатҳои бадеии онро таъкид сохтаанд.