Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2104 2105 2106
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР 28-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКИИ НАВРАСОНИ БАЛКАН «JBMO-2024» 6 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД
29 июн

6 нафар хонандагони синфҳои 7-9-и мамлакат дар 28-умин Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар...

МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ЮСУПОВ МЕҲРУБОН АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АЛ-ХОРАЗМӢ
31 мая

Аз санаи 27 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии Ал-Хоразмӣ аз фанни математика байни наврасон бо фарогири 140 иштирокчи аз 6 давлатҳои ИДМ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Дар ин Олимпиадаи сатҳи баланд мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар наврас аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷойи I, 2 ҷойи II ва 6 ҷойи III гардиданд. Хушбахтона хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқа...

ШАРАФИ ОЛИМПӢ: МАКТАББАЧАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ TASIMO ХУДРО ДАР ЭЛИТАИ ҶАҲОНИИ МАТЕМАТИКА МУАРРИФӢ КАРДАНД
23 мая

Дастаи 12-нафараи мактаббачагони боистеъдод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии TASIMO, ки рӯзҳои 18-20 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, бомуваффақият иштирок карданд. Чорабинии мазкур 300 нафар иштирокчиёнро аз 10 кишвар гирд оварда, ба майдони намоиши қобилиятҳои барҷастаи риёзии нобиғаҳои наврас табдил ёфт. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сабқати зеҳнӣ сазовори се мақоми ифтихорӣ гардид. Ин муваффақияти барҷаста на танҳо боиси ифтихор, балки тасдиқи қ...

Даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8)
16 мая

Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе»- ба диққати директорон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мерасонад, ки рӯзҳои 19-21 апрели соли 2024 даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8) дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Талабот: Иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ бо либоси мактабӣ, нусхаи шаҳодатномаи...

Маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2024
8 мая

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 7 майи соли 2024 дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаи даставии “Истеъдод”, олимпиада оид ба “Шоҳмот” ва “Spelling bee” баргузор гардид. Да...

АЗ 17-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024, №71 “ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ БА ДИГАР РӮЗҲОИ КОРӢ ДАР СОЛИ 2024”
2 мая

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД, КИ ТИБҚИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 17-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024, №71 “ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ БА ДИГАР РӮЗҲОИ КОРӢ ДАР СОЛИ 2024” РӮЗИ ИСТИРОҲАТ АЗ РӮЗИ ШАНБЕИ 4-УМИ МАЙ БА РӮЗИ 10-УМИ МАЙ ГУЗАРОНИДА ШУДААСТ. АЗ ИН РӮ, ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ (СИНФҲОИ 1-4) НОВОБАСТА АЗ ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ ВА ТОБЕИЯТИ ИДОРАВӢ МАШҒУЛИЯТ ВА ДАРСҲОИ РӮЗИ 10-УМИ МАЙ (ҶУМЪА) БА РӮЗИ ШАНБЕИ 4-У...

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ
26 апр

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7-8 баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 467 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида 254 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора: 17 медали тилло  50 медали нуқра  187 медали биринҷи  Муассисаи давлатии "Марказ...

ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8
19 апр

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар олимпиада аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ширкат варзида, малака, маҳорат ва донишҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода, намояндагони сохторҳои маорифи кишвар, хонандагону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳа...

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД…». Садриддин Айнӣ тамоми умри бобаракаташро барои ҳамчун миллати қадимӣ эътироф гардидани тоҷикон сарф намудааст
15 апр

Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Осори адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст. ...

ХУШХАБАР: Чаҳор ноҳияи пойтахт дар "Даҳгонаи беҳтарин ноҳияҳои фаъол дар ҳаракати олимпии ҷумҳурӣ" шомил гардиданд
5 апр

Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе" иттилоъ медиҳад, ки тибқи натиҷаҳо ва таҳлилҳои маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо чор ноҳияи пойтахт дар "Даҳгонаи беҳтарин ноҳияҳои фаъол дар ҳаракати олимпии ҷумҳурӣ" шомил гардиданд. ✔ Дастаи олимпии ноҳияи Сино дар ҷойи якум бо гирифтани 64 медал: - 5 медали тилло  - 23 медали нуқра  - 36 медали биринҷӣ  ✔ Дастаи олимпии ноҳия...