Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон оғоз гардид

30 апреля 2022 01:04

Количество просмотров: 3623

30-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дар литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст З. Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Шуруъ аз соли 2021 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҳаракатҳои олимпӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд намуда, барои зинаҳои 2 ва 3-юми таҳсилот шумораи онҳоро аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ (номӣ, даставӣ ва лоиҳавию ихтироъкорӣ) ба 24 адад расонид.
-Дар робита ба эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 11 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор карда мешавад. Дар баробари олимпиадаҳои мазкур 13 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ роҳандозӣ мегарданд, ки барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари хонандагони боистеъдод ба ҳаракати олимпӣ мусоидат мекунанд,-қайд кард муовини вазир.

Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н. Саломиён хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур 730 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аз типи нав иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати самарабахшии фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, рушди ҳаракатҳои олимпӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ тадбирҳои судманд андешад.

279583445_130381409596379_7674257825848020325_n.jpg