Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар соли 2022 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ” ташкил ва баргузор карда мешавад

28 февраля 2022 03:02

Количество просмотров: 3684

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

аз “25” феврали соли 2022, № “85”
Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рўйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Дар соли 2022 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ташкил ва баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва харҷномаи озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” маблағи 383 230 (сесаду ҳаштоду се ҳазору дусаду сӣ) сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ

Низомномаи "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм"