Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

БАРНОМАИ ФУЛБРАЙТ. Омӯзгорони тоҷик метавонанд дар мактабҳои Амрико таҷриба омӯзанд, дарс гӯянд, маҳораташонро такмил дода, ба хонандагону донишҷӯёни ИМА давлати худро муаррифӣ кунанд

5 января 2022 01:01

Количество просмотров: 4860

Омӯзгорон аз Тоҷикистон имкон доранд дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи қабулкунанда ҷойгиранд, таҷриба омӯзанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ намуда, кишвари худро ба мактаббачагон ва донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Барои ин онҳо метавонанд дар озмун дар доираи барномаҳои Фулбрайт барои такмили маҳорати омӯзгорӣ барои солҳои 2022-2023 ширкат кунанд. Дар ин бора сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Fulbright Teaching Excellence and Achievement Program (FTEA) – ин барномаи (лоиҳаи) Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) амалӣ карда мешавад.

Барномаи FTEA ба муаллимони мактабҳои миёна аз дигар давлатҳо имконияти беназир барои ташаккули таҷриба дар фанҳои тахассусӣ, такмили малакаи омӯзгорӣ ва сайқал додани донишашонро дар бораи Иёлоти Муттаҳида фароҳам меорад.

Дар хабари Сафорат зикр мешавад, ки FTEA барномаи шашҳафтаинаи тахассусии бидуни унвон, бидуни кредит мебошад, ки аз семинарҳо оид ба усулҳои нави таълим, омӯзиши ба хонандагон нигаронидашуда, таълим дар асоси мазмуну мундариҷа, банақшагирии дарс ва технологияҳои таълимӣ иборат аст.

Иштирокчиён инчунин дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи мизбон ҷойгиранд, таҷрибаомӯзӣ мекунанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ кунанд ва кишвари худро ба донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Дар тӯли барнома рушди фарҳангӣ, роҳнамоӣ ва дастгирӣ ба иштирокчиён фароҳам оварда мешавад. Иштирокчиён баҳор ё тирамоҳи соли 2023, дар ду гурӯҳи иборат аз 80 нафар муаллим ба ИМА сафар хоҳанд кард.

Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тӯли будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида дипломатияи мардумиро дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард.

Дар иттилоия инчунин муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо нишон дода шудааст — 28 феврали соли 2022. Саволнома дар сомонаи https://fulbright.irex.org дастрас аст.

Манбаъ аз сомонаи "/АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2022/01/barnomai-fulbrajt-om-zgoroni-to-ik-metavonand-dar-maktab-oi-amriko-ta-riba...

https://tj.usembassy.gov/tg/fulbright-teaching-excellence-and-achievement-fulbright-tea-program-tg/