Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Баргузории олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ

28 мая 2022 08:05

Количество просмотров: 10829

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он  Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, директори  МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ғайратзода Лайло Диловар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд.

  photo_2022-05-28_12-18-28.jpg

Нахуст Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии раванди таълими муосир дар шароити ҳамгироии фазои таълимӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Яке аз чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, олимпиадаҳо мебошанд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳукумати мамлакат барои боз ҳам барои рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа дода барои хонандагони кишвар тамом шароитҳои замонавиро фароҳам оварда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалятнок шумурда пайваста таъкид менамоянд, ки рушди давлату ҳукумат аз маориф сарчашма мегирад. 

То имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даврҳои ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11), барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии (синфҳои 7-8 ва 5-6) ва олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (синфҳои 9-10)-ро дар сатҳи баланд бо ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баргузор, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард. Лозим ба ёдоварист, ки дар олимпиадаҳои то имрӯз баргузоргардида, дар маҷмуъ, 5549 нафар хонанда-аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2391 нафар ва аз муассисаҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 2958 нафар фаъолона иштирок карда, сазовори 2243 ҷойи ифтихорӣ (370 медали тилло, 621 медали нуқра ва 1252 медали биринҷӣ) гардиданд, ки таъмини сифатнокии он вобаста ба ҷойҳои ифтихорӣ 40,4 фоизро баробар аст, қайд кард зимни сухани ифтитоҳии худ Зиёдулло Абдулзода Назар.

Абдулзода Зиёдулло Назар ҳамаи хонандагонро ба ин муносибат самимона муборакбод намуда барои онҳо барору комёбӣ, мувафаққият таманно намуданд. Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуданд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон доданд. 

Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 970 нафар хонандаи боистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва типи нав аз тамоми манотиқи кишвар ширкат меварзанд, ки ин аз мақому манзалат ва нуфузи олимпиадаҳои фаннӣ ва даставӣ дарак медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи олимпиадаҳои мазкур санаи 29-уми май эълон мегардад.