Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ 1 НАВҚАЛАМОН ВА ЭҶОДКОРОНИ НАВРАСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ "КИЛКИ САБЗ"

19 мая 2022 04:05

Количество просмотров: 6999

Санаи 19.05.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» аз ҷониби Сарраёсати маорифи пойтахт маросими ифтитоҳи Форуми I навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ, адибон ва хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиёни Форум ироа намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки «Баргузории Форуми I навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе - «Килки сабз» давоми мантиқии иқдомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти дастгирии кӯдакону наврасони эҷодкори пойтахт арзёбӣ гардида, он дар доираи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосиру муассир баҳри ишкишофи қобилиятҳои зеҳнии кӯдакону наврасон, бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 майи соли 2021, таҳти №294 тасдиқ шудааст, ташкил гардидааст.»

283015314_548427060006303_3846123850678636270_n.jpg

Инчуни қайд карда шуд, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баҳри пур кардани фазои холигии хонандагони муассисаҳои талимии ҳудуди пойтахт, яъне берун аз вақти дарсӣ чораандешӣ намуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои гуногунро дар шакли ташкили озмуну чорабиниҳои маърифативу зеҳнӣ амалӣ менамояд.
Форуми I навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» аз ҷумлаи ин тадбирҳо буда, мақсади асосии баргузории он мусоидат ҷиҳати дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи адабиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи эҷоди асарҳои назмиву насрӣ аз ҷониби онҳо, тарғиби мутолиаи китоб, ҷалби оммавии наврасон барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар доираи чорабиниҳо ба муносибати эълон гардидани «Соли мутолиаи китоб» дар муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт дар соли 2022 иборат мебошад.
Дар идомаи кори Форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависанадагони Тоҷикистон, шоирону адибон ва навқаламони пойтахт суханронӣ намуда, муҳимияти иқдоми мазкурро ҷиҳати тарбияи ахлоқию маънавии насли наврас саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки пас аз баргузории ҳамоиши мазкур намунаи беҳтарини эҷодиёти иштирокчиёни Форум дар шакли маҷмуаи шеърҳо ва ҳикояҳои навқаламони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» интишор гардида, рӯнамоии он дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир карда мешавад.
Кори Форум фардо низ идома ёфта, тибқи барнома бо иштирокчиёни Форум аз ҷониби адибону шоирони маъруфи ҷумҳурӣ суҳбату вохурӣ ва дарсҳои маҳорат гузаронида мешаванд.

282031427_548427113339631_5812289698829617424_n.jpg