Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2024 2025 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
24 25 26 27 28 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

АРТИШИ МИЛЛӢ— СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

21 февраля 2020 01:02

Количество просмотров: 19708

   Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлолият ва якпорчагии марзу буми Ватанро аз душманони ошкору пинҳон ҳифз менамояд.

   Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд

   Халқи тоҷик дар тўли таърихи чандинасраи худ ҳеҷ гоҳ ҷаҳлро аз хирад боло нагузоштааст. Гузаштагони мо танҳо ба хотири дифои арзу буми хеш ба муқобили аҷнабиёни истилогар силоҳ бардоштанд. Номи фарзандони қаҳрамони тоҷик, ба мисли Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик ва дигарон, ки барои озодию истиқлоли кишвар мубориза бурдаанд, дар лавҳи хотири халқ абадӣ нақш бастааст.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд

  Рўзи 23 – уми феврал яке аз идҳои шарафманд ва дўстдоштаи тамоми халқ, аз ҷумла хонандагони мактаб мебошад. Тавассути ин ид дар хонандагон нисбат ба муҳофизати Ватан ҳисси ифтихору эҳтиром ва муҳаббат парварида мешавад. Хонандагон дар чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандўстӣ, ки дар рафти сол дар мактаб мегузаранд, иштирок намуда, дар бораи таърихи гузаштаи халқу давлати тоҷикон, дар бораи анъанаҳои гузаштаи шўҳратманди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ донишҳои нав ба нав ҳосил мекунанд.

 Мақсаду вазифа ва моҳияти асосии он дар хонандагон тарбия кардани ҳушёрӣ, зиракӣ, далерӣ, чолокӣ, солимӣ, дар коллектив якҷоя амал ва зиндагӣ карда тавонистан, ба ибораи дигар, тайёр кардани муҳофизони ояндаи Ватан аст.

        Лашкари Ватан       

Далер Лашкари Ватан,
                                   Зебе фари Ватан,
Чу ҷон ба пайкари Ватан,
                                    Болу пари Ватан,
Дар осмони софи мо
                                     Чун ахтари Ватан,
Ҳар аскари Ватан шуда
                                     Бахтовари Ватан,
Осудагии кишварат бошад туро ҳадаф,
Эй лашкари шуҷоъи мо, бар ту шараф,
                                                   Шараф!
   Сулҳу салоҳ кардаӣ
                                    Азму мароми худ,
    Бо хатти зар навиштаӣ
                                    Назму низоми худ,
    Ҳар афсару ҳар аскарат
                                     Чун Рустами замон,
Осудагии кишварат бошад туро ҳадаф,
Эй лашкари шуҷоъи мо, бар ту шараф,
                                                         Шараф!
Фарзандҳои ҷонфидо
                                 Бигрифта ҷон ба каф,
Баҳри дифои хақи худ
                                 Истода ҳар тараф,
Чун кўҳсори тоҷикон
                                 Барҷову устувор,
Дар зери Парчами Ватан
                             Ҳастанд саф ба саф,
Осудагии кишварат бошад туро ҳадаф,
Эй лашкари шуҷоъи мо, бар ту шараф,
                                                   Шараф!