Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст

«Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст «Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст «Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст «Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст

26 января 2020 09:01

Количество просмотров: 23702

Яке аз хуҷастагиҳои барҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҳамин эҳёи суннату анъана ва маросими миллиест, ки на танҳо эҳёи маънавиёти миллатамон, балки эҳёи дубораи ҳувияту рисолати миллатамонро таъмин мекунад.

Хушбахтона, бо пушти  сар шудани таърихи хеле гарону пурмоҷарои ҳазорсола халқи тоҷик бунёди қавӣ ва бегазанди худро собит сохт ва ин падида, пеш аз ҳама, дар ду зуҳурот ҳузури муборак дорад:

 Аввалан,  миллати мо тавонист забони модарию адабии худро аз ин ҳама хатарҳои тақдир беосебу тару тоза бо убури ҳазорсолаҳо ба имрӯз расонад ва  ҳувияти миллии худро нигаҳ дорад, ки ҳодисаи беназир аст.

  Дуюм, бе ҳеҷ шаке бо ҳамон моҳияту ҳадафҳо ва дар ҳамон  зуҳури дурахшони   қадимӣ то ба имрӯз маҳфуз дошта тавонистани суннатҳо ва хусусан ҷашну   маросими таърихии халқи мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада далели баэътимоди устувори ҳувияти халқамон мебошад. Ҳамин ду сутуни бегазанду устувор тӯли таърихи гарону пурмоҷаро ва дуру дароз қалъаи шаъну эътибор, кохи ҳувияти миллии тоҷиконро нигоҳ доштаанд.

Ба ҳамин сабаб эҳёи дубораи забони модарӣ ва маросиму суннатҳои миллии мо  имрӯз дар бунёди қавӣ ва пойдории баэътимоди минбаъдаи  Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми тақдирсоз хоҳанд дошт. Ҳамин оину суннатҳо ва маросими аз имтиҳонҳои шадиди вақт гузаштаи миллии моянд, ки дар ин марҳилаи эҳё барои худшиносии халқамон нақши бузург мебозиданд.

Дар бораи ҷашни Сада, таърихи пайдоиш, моҳият, ҳадафҳо ва нақши бузургаш дар рӯзгори ҳазоронсолаи мо таҳқиқоти зиёде бурда шуда, ин раванд идома дорад. Хулосаи ин таҳқиқот чунинанд, ки Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон буда, таърихи аз се то панҷҳазорсоларо дорост.

Қадимитарин будани ҷашни Садаро ин далел собит месозад, ки марбут ба унвони аввалин кадхудои замин Каюмарс буда, дар замони ҳукмронии писари чаҳорумини Ҳазрати Одам (а) Ҳушанги Пешдодӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Устурае, ки таърихи пайдоиши ин ҷашнро ҳикоят мекунад, боз ҳам дар “Шоҳнома” –и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ – ин сарчашмаи бебаҳои бадеиву таърихиву асотирии миллиамон ҳикоят мешавад. Яъне ҳамон Ҳушанг, ҳамон кӯҳи Истахр ва ҳамон санг андохтани Ҳушанг ба сӯи мори азимҷуссае, ки дуд аз даҳонаш мебаромад. Ва ҳамон ҷаҳидани оташ аз бархӯрди сангҳову оташ гирифтани хасу хошок ва кашф шудани оташ барои инсон:

Баромад ба санги гарон санг хӯрд,

Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин…

Рамзҳои бузурге дар ин тасвири баланду шоиронаи Ҳаким Фирдавсӣ ниҳонанд. Мори азиме, ки аз даҳонаш дуд мебаромаду ғайб зад, ҳамон неруи аҳриманӣ, яъне бадист, ки гурехт, аммо аз мавҷудияти худ дарак дод. Ва инсон огоҳ шуд, ки  дар муқобили ӯ ин мор, яъне ин неруи бадӣ ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт. Рамзи дигари кашфи оташ- ин неруи эзадӣ – неруи ҳақиқат   аст, ки ба инсон рӯшноӣ ва гармӣ тақдим мекунад ва дар мубориза алайҳи торикиҳо раҳнамои ӯст. Ва онро метавон ҳамчун неруи некӣ ба манфиати одамизод истифода бурд. Ин аст, ки одам оташро ба хонаи худ овард ва аз он барои бунёди зиндагии гарму рӯшан ва созанда истифода бурд.

Ин оташ, “…Ки гуфто: фурӯғест ин Эзадӣ” баъдан ба рамзи муқаддаси мардуми ориёитабор табдил ёфт, намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшаноӣ гардид.

…Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи ин ҷашни фархунда кард.

Яке аз маъхазҳои баэътимоди маълумот оид ба ҷашни Сада, бешак, осори шоирони бузурги гузашта мебошад. Аз ин маъхазҳо чунин бармеояд, ки ҷашни Сада, ки пайдоиши он мансуб ба табиат мебошад, ҷашни умумихалқӣ буда, дар майдонҳои кушод, ҷойҳои хосаи мувофиқ сурат гирифта, чун ба гулханафрӯзӣ вобастагӣ дорад, аксар шабҳангом сурат мегирад, зеро рамзи асосии он барҳам додани зулмот ва мунаввар сохтани  торикии шабҳо будааст.

Ва ин маъно дар навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ чунин суруда шудааст:

Омад зи сайри аҳрор шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Барфурӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе,

Озари Бурзин пайғамбари озор бувад.

         Ва мардум ин оташро муқаддас мешумориданд ва дар партави он бо ниёишҳо хурсандӣ мекарданду чархгардон мерақсиданд. Шояд ҳамон чархиши рақси самои сӯфиён низ аз ҳамин рақси печутоби оташи муқаддас сарчашма мегирад.

Дар тасвири шоири дигари классики мо Манучеҳрӣ ҷашни Сада бо ҳамон рамзҳои маъмулии кӯҳу мор, ки устураи аввалро тақвият медиҳанд, омадааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарс- Исфандиёр бошад…

Аслаш зи нур  бошад, фаръаш зи мор бошад,

Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад,

Чун бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад…

Ҳамин оташ дар “Авасто” низ ба рамзи муқаддас падид меояд ва дар маъбади авастоӣ ба саҷдагоҳи зардуштиён табдил меёбад. Ин манзара дар “Авесто” аз забони Зардушт чунин ба ниёиш омадааст:

«Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам».

Ба сифати сарчашмаҳои баэътимоду далелҳои мӯътабар дар пажӯҳиши садашиносони мо аз сарчашмаҳое чунин, чун ашъори Унсуриву Манучеҳрӣ, “Наврӯзнома” -и Умари Хайём, “Ат-тафҳим”- и Абӯрайҳони Берунӣ, “Таърихи Байҳақӣ”, “Комил-ут-тавохир” –и Ибни Асир, “Аҷоиб-ул махлуқот” –и Имомуддин Зикриё Қазвинӣ, “Зайн–ул –ахбор”-и  Гардезӣ пажӯҳишҳи шарқшиносони дигари муосири Шарқу Ғарб оварда мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои дигар бунёди ҷашни Сада ва оташафрӯзӣ дар он шояд вобаста ба баромадани зимистон ва бурун омадан аз торикию  рӯ овардан ба рӯшноӣ, ҳамчунин раҳоӣ аз сармову расидан ба рӯзгори гармтар мебошад. Яъне мардум худро рӯҳан ба фарорасии соли нав ва айёми кишту кор омода мекунанд. Оташ афрӯхтан дар остонаи Сада равшан кардани роҳи омадани Наврӯзи хуҷастапай аст. Оташи ҷашни Сада бо дурахши фурӯзони худ неруҳои зулматафзои аҳриманиро хаставу нотавон мегардонад.

Дар асоси навиштаҳои пажӯҳишгарони Сада дар муқоиса  бо дигар маросими маъмули гузаштагон Абдулазими Ризоӣ ва Муҳаммад Муин овардаанд, ки таҷлили ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Баъд аз он 50 шабу 50 рӯз силсилаи маросими муқаддамотии Наврӯз бунёд гардида, сипас Соли нав ҷашн гирифта мешуд. Ин манзара дар сурудаи Сайёқӣ чуин омадааст:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро аз ин пас ба мо бор бувад.

Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дар баст,

Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад.

Яке аз манзараҳои таҷлили ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Султон Масъуд, дар айёми сафараш чунин нигоштаанд: “Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй  бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст Султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Ба д-ин тариқ ҷашну оташафрӯзиҳо дар ҳама қаламрави сарзамини Ориён бунёд гузошта мешуданд.”

Аз хусуси ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, ки дар канори  Зояндаруд  баргузор шуда,  Ибни Ямин  дар “Комил-ут-таворих” низ маълумот додааст.

Дар “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари Хайём пирӯзии Фаридун  бар Заҳҳоки морон чун намунаи беҳтарини пирӯзии некӣ бар бадӣ таҷассум ёфтааст. Ин набарди нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ дар таърихи ҳаёти иҷтимоии ниёгони ориёии мо ҷой доштааст. Ва чунонки дар мақолаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов бо унвони “Оташи ҷашни Сада – оташи меҳри Ватан аст”дар сомонаи АМИТ “Ховар” оварда шудааст: “Ин ғалаба дар набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа як ҳодисаи билқувваест, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҳар халқу миллат ҷой дошта метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ғолиб ояд. Маҳз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок пешомади Наврӯзро таъмин карда тавонист.”

Аз навиштаҳои пажӯҳишгарони ҷашни Сада бармеояд, ки  Сада ҳамрадифи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, шаби чилла ҷашни миллӣ буда, ба ҳеҷ қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст, аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, киштисозӣ, тасарруфи уқёнусҳои паҳновар ва ғайра.

Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.

Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва хиштрезӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш, ба монанди мушку анбар, уд, гулобу кофур ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст.

Бо истифода аз маъхазҳое, ки профессор Ҳазратқулов мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст, бисёриҳо ҷашни Садаро марбут ба адади сад медонанд. Аз ҷумла ба андешаи  Абӯрайҳони Берунӣ:

«Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».

Аммо, ба андешаи Муҳаммадқул Ҳазратқулов, муҳаққиқ Ризо Муродии Ғиёсободӣ назарияи А. Берунӣ дар бораи иртиботи вожаи сада ба адади садро рад менамояд. Ӯ  менависад: «Вожаи сада дар Авасто ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад».

Ризо Муродии Ғиёсободӣ мӯътақид аст, ки «ҷашни Сада ҳеч гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Ба д-ин тариқ ба шарофати ташаббусҳои бевосита ва сиёсати фарҳангии   Пешвои миллатамон халқи тоҷик имрӯз дар ҷодаҳои худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти худ қадамҳои устувор ва пешбаранда мегузорад. Эҳёи суннату маросими миллӣ, ки яке аз заминаҳои эҳёи дубораи Ватани бостонӣ ва Тоҷикистони азизамонро фароҳам меоварад, ҳосили ҳамин сиёсати ватандӯстона мебошад. Истиқболи гарми мардум аз ҷашни Сада ва оташи фурӯзони он имрӯз дар гӯшаву канорҳои мамлакат худ гувоҳи бозгашти халқи покниҳоду некманиши мо ба асолатҳои миллии хеш мебошад. Ва гуфтаҳои болоро метавон бо чанд қитъаи зер ҳусни анҷом бахшид:

Наврӯзу Сада ҷашни ниёгони мананд,

Оинаи фазлу хайру эҳсони мананд.

Гар миллати ман ҳазор солон зиндаст,

З-ин рӯст, ки инҳо сипари ҷони мананд.

Эй миллати ман, халқи нигаҳбони Сада!

Сар то қадамат оташи тобони Сада!

Бо партави нав бихез дар ҳафт иқлим,

Бо қомати шӯълавар ба ҷавлони Сада!

Хоҳам ҳамагонӣ бод ин ҷашни Сада,

Пайванди амонӣ бод ин ҷашни Сада,

Мақсуди Сада на сӯхтан, сохтан аст,

Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»