Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» пагоҳ муайян мегарданд

09.01.2020

Дар толори Донишкадаиҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф рӯзидуюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019»ҷараён дорад. Маросими ҷамъбаст ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон  10январ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар озмун мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Ангома Атомамадова, мураббияи кӯдакистони №1-и шаҳр Розия Нурматова, мураббияи муассисаи томактабии №15-и шаҳри Конибодом Ойтилло Тағоева, мураббияи муассисаи томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова  қобилияти мураббигӣ, фаъолияти эҷодӣ, донишу маҳорати  касбӣ ва ҳунару маҳорати кории худро муаррифӣ намуда  истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявӣ дар сатҳи ноҳия ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар  ифтитоҳи озмун муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм  Рамазон Одиназода, ҳайати ҳакамон, кумитаи тадорукоти озмун ва ғолибони даври минтақавию вилоятӣ иштирок намуда буданд.

Тавре муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ иброз намуд, «мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ мебошад».

Зикр гардид, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии  муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» ҳар сол гузаронида мешавад.