Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи маориф

19.11.2019

Дар баробари соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, рушди он аз омилҳои гуногун вобаста мебошад, ки инкишофу пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи илму маориф, ки ҳамчун пойдевори рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Дар ин бобат яке аз нуктаҳое, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат доир ба соҳаи маориф садо дода шуда буд: «маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст» ғамхориҳои ӯро ба соҳаи маориф нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016–2017 муайян намуданд, ки баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарвати кишвар, ки дар сармояи инсонӣ, табиӣ ва моддӣ муаррифӣ мегардад, самти афзалиятноки амалҳо дар стратегияю барномаҳои давлатии рушд барои давраи то соли 2030 маҳсуб мегардад. Ҳадафи асосии давлат дар ин самт аз он иборат аст, ки дар доираи фазои таҳсилоти ватанӣ ва ҷаҳонӣ, ҷиҳати таъмини раванди ҳадафноки тарбия ва таълим ба манфиати шахсият ва ҷомеа дар ин марҳалаи рушд шароити мусоид фароҳам созад. (Ниг. Қурбонов А.Ш. «Илм ва маориф: тамоюлот, мушкилот, дурнамо» — Душанбе: Ирфон, 2019, саҳ.207).
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пароканда шудани собиқ давлатҳои Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун як кишвари мустақил дар байни дигар давлатҳо шинохта шуд. Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бесарусомониҳои сиёсиро паси сар намуд. Нооромиҳои сиёсӣ ба ҳаёти гуногуни соҳаҳои иҷтимоӣ мушкилоти зиёдеро эҷод намуда буд, ки соҳаи маориф яке аз он ба ҳисоб мерафт. Он замон муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи маориф пурра ё қисман аз фаъолият боз монда, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар омӯзгорону хонандагон аз таҳсил дур гашта буданд. Дар тӯли солҳои 1992-1995 беш аз 20 ҳазор нафар омӯзгор кишварро тарк намуданд ва ҳазорон муаллимону хонандагон ва донишҷӯён гуреза шуданд (Ниг. Зафар Саидзода, Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами Истиқлоли миллӣ., Душанбе – 2016, с.72).
Баъди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, ки Иҷлосияи тақдирсоз ном мебарем, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, Пешвои миллатро ба ҳайси Сарвари нави кишвар интихоб намуданд. Ҳамаи он мушкилоте, ки дар он вақт кишварро фаро гирифта буд, ба дӯши роҳбари нав вогузор гардид.
Албатта дар он замон ба дӯш гирифтан ва бартараф намудани ин ё он мушкилот хеле душвор буд. Маҳз иродаи қавӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва масъулияти баланди роҳбарии Сарвари давлат буд, ки дар он замони бесарусомонӣ ҳаёти худро зери хатар гузошта, вазифаи пурмасъули роҳбариро бо тамоми мушкилоташ дар назди мардум ба зимма гирифтанд.
Аз рӯзҳои аввали Сарвари кишвар интихоб гардидан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра роҳи ҳалли мушкилоти соҳаҳоро меҷустанд. Аз ҷумла, барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону ҷалби омӯзгорон кӯшишу талошҳои зиёде намуданд. Маҳз бо шарофати Президенти кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, шурӯъ аз базаи моддию техникӣ то ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳҳои гуногуни таҳсилот ва сифати таълиму тарбия мунтазам рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои зиёда аз 310 ҳазор ҷои нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд ва ҳамасола ин иқдом давом ёфта истодааст. Ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар буд, ки на танҳо мазмуни таҳсилот, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат ҳисобида, ба ин муносибат соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуданд, ки он барои бартараф намудани як қатор мушкилоти соҳа мусоидат намуд. «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, пас аз он дар миқёси ИДМ ҳамчун «Соли инноватсия» идома ёфт.
Дар самти инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва фанҳои риёзию табиӣ, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Сол аз сол муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, бо адабиётҳои нави таълимӣ муҷаҳҳаз ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо сару либоси ягона таъмин гардида истодаанд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фарогирии кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот давра ба давра зиёд шуда истодааст. Дар ин самт Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2018 қайд карда буданд: “Мо пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷидӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”.
Дар ҳақиқат, рушди зинаҳои таҳсилот, дар умум рушди соҳаи маориф, пеш аз ҳама, аз инкишофи зеҳнии кӯдакон сарчашма мегирад, ки он аз оила ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ вобастагии калон дорад. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ айни замон миқдори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 619 ададро ташкил медиҳад, ки дар он 93 307 кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин миқдор дар соли 2012-ум 503 ададро бо фарогирии 70 576 нафар кӯдак ташкил медод.
Таъмиру бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар онҳо фаро гирифтани кӯдакон бо таълиму тарбия як тарафи масъала мебошад. Тарафи дигар ин маблағгузорӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт, таъмин бо ашёи таълимӣ, мизу курсиҳо, таҷҳизоти варзишӣ ва асбобҳои аёнӣ, ки завқи ҷисмонию зеҳнии кӯдакро бедор месозанд, инчунин таъмин намудан бо маводи ғизоии босифат аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд, ки асосан дар сатҳи деҳот ба назар мерасанд.
Ҳамзамон, фарогирии кӯдакон бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Барои бартараф намудани ин мушкилӣ муассисаҳои дахлдор бояд мутахассис тайёр намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ дар баробари ҷорӣ намудани соатҳои омӯзиши забонҳо, гурӯҳҳои забони русиро ташкил намоянд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки дар баъзе муассисаҳои томактабие, ки гурӯҳи русӣ фаъолият мекард ва ҳамзамон бо мураббияи забони русӣ таъмин буданд, барҳам дода шуданд. Ҳол он, ки Пешвои миллат дар баромадҳои худ, ки ба самтҳои гуногуни соҳаи маориф бахшида шудааст, пайваста таъкид менамоянд, ки дар баробари омӯхтани забони давлатӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Дар мавриди омӯзиши забонҳо Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, қайд карда буданд, ки «ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул карда шуда буд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем». (Ниг. Паёми ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26.12.2018, ш.Душанбе). Дар ҳақиқат, барои ҳамқадам шудан бо ҷаҳони муосир мо бояд баҳри ояндаи дурахшони насли наврас кӯшишу талош намоем. Оид ба ин масъала аз ҷониби Пешвои миллат ба як қатор мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд ва хушбахтона, чунин санад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Имрӯз дар байни аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар байни занон нуфузи таҳсилу донишомӯзӣ баланд рафта, аксари волидон новобаста аз сатҳи пасти зиндагиашон мехоҳанд фарзандони худро ба донишандузӣ раҳнамоӣ намоянд. Бахусус, дар шароити деҳот аксари наврасону ҷавонон бо сабабҳои гуногун хоҳишу имконияти идома додани таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ надоштанд, ки ин ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни кишвар таъсири манфии худро мерасонид. Дар масъалаи ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мушкилиҳои зиёд ба назар мерасид, ки дар натиҷа боиси аз таҳсил дур мондани онҳо мегардид.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон дар даврони шӯравӣ аз шумораи умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 49,7%-ро духтарон ташкил медоданд, вале дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвари мо мушкилиҳои сиёсию иқтисодиро аз сар гузаронид, фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ хеле коҳиш ёфта буд. Айни замон, бо кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат, сатҳи фарогирии духтарон бо таҳсил хеле боло рафта, ҳатто дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, балки берун аз он таҳсили худро идома диҳанд касби худро такмил диҳанд.
Боиси таъкид аст, ки солҳои таҳсили 1996/1997 шумораи умумии донишҷӯён 76 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз он ҳамагӣ 19,6 ҳазор нафар ё 25,8%-ро духтарон тшкил медоданд (Ниг. Маориф дар ҶумҳурииТоҷикистон, 25-соли Истиқлолиятидавлатӣ, соли 2016, с.90). Ҳоло шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2018/2019 ба 209,8 ҳазор нафар расидааст, ки аз он 76,4 ҳазор нафар ё 36,4% духтарон ташкил медиҳанд. (Ниг. Маориф дар ҶумҳурииТоҷикистон, маҷмӯаи оморӣ, соли 2019, с.60).
Азбаски ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ квотаи президентӣ ташкил карда шудааст. Тайёр намудани мутахассисон тибқи квотаи президентӣ аз соли таҳсили 1997/1998 оғоз гардида, асосан духтарони ноҳияҳои дурдастро дар бар мегирифт. Баъдан ин имтиёз барои писарон низ муқаррар гардид, ки онҳо ба муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ, бидуни супоридани имтиҳон, танҳо тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд. Беш аз 20 сол мешавад, ки ин иқдом дар ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ амалӣ мегардад. Дар ин муддат ҳазорҳо мутахассисон донишгоҳҳоро хатм намуда, барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм гузошта истодаанд.
Ҳамасола зиёда аз 1000 ҷой барои қабули довталабон, ҳам аз ҳисоби духтарон ва ҳам аз ҳисоби писарон тибқи квотаи президентӣ ҷой ҷудо мегардад. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018/2019-ум–1246 ҷой, аз ҷумла барои духтарон 638 ҷой ва барои писарон 608 ҷой ҷудо гардид (Ниг. Ҳисобот оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019). Аз рӯйи тақсимот вобаста ба минтақаҳо ин теъдод чунин аст:
вилояти Хатлон – 504 ҷой (258 ҷой барои духтарон ва 246 ҷой барои писарон);
вилояти Суғд – 302 ҷой (154 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон);
ВМКБ – 164 ҷой (85 ҷой барои духтарон ва 79 ҷой барои писарон);
НТҶ – 276 ҷой (141 ҷой барои духтарон ва 135 ҷой барои писарон).
Ин миқдор ҳамасола вобаста ба талабот дар минтақаҳои гуногуни кишвар кам ё зиёд карда мешавад. Айни замон тибқи квотаи президентӣ ҳамагӣ 7175 нафар, аз ин теъдод 3423 нафар духтарон ва 3752 нафар писарон таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи квота дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, 82 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 30 нафарашон духтарон мебошанд (Ниг. Маориф дар ҶумҳурииТоҷикистон, маҷмӯаиоморӣ, соли 2019, с.70)
Айни замон, дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории Вазорати маориф шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 970002 нафар, аз ҷумла 1021280 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёд мебошад. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2018/2019 ҳамагӣ 123053 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 71703 нафарашон занҳо мебошанд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 3869 адад буда, аз ин 332 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 467 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Маблағгузории соҳа низ яке аз самтҳои муҳими афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф давра ба давра зиёд менамояд. Агар ҳаҷми умумии маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф дар соли 2000-ум 41 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли 2011 ин нишондиҳанда ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар буҷети давлатии соли 2019 ба соҳаи маориф 4 млрд. 400,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018 – ум 537,1 млн. сомонӣ ё ин, ки 13,9 фоиз зиёд буда, 18,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 6,3 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад (буҷети соҳаи маориф дар соли 2018 – 3 млрд. 863 млн. сомонӣ).
Аз 4 млрд. 400,2 млн. сомоние, ки дар соли 2019 ба соҳаи маориф пешбинӣ карда шудааст, 3 млрд. 478,3 млн. сомониро маблағҳои буҷетӣ (афзоиш нисбат ба соли 2018 – 362,6 млн. сомонӣ ё 10,4%), 738,4 млн. сомониро маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ (афзоиш нисбат ба соли 2018 – 84,9 млн. сомонӣ ё 11,5%) ва 182,9 млн. сомониро барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ (афзоиш нисбат ба соли 2018 – 89 млн. сомонӣ ё 47% ташкил медиҳанд.
Дар соли 2019 аз маблағҳои буҷетие, ки барои соҳаи маориф ҷудо карда шудааст, 2 млрд. 295,4 млн. сомониро фонди музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2018 11,7% зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки имрӯз новобаста аз он ки миллати мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи маориф мушкилоти зиёдеро паси сар намуда, ба равандҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, дучор мегардад, маҳз бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳамаи ин пешрафтҳо маҳз бо шарофати Президенти кишвар мебошад, ки дар ҳалли мушкилоти соҳа ва рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

74232801_105763054226272_1029341491476037632_n.jpg  74388434_105762917559619_1861449662288887808_n.jpg  
75462523_105762867559624_6757171231029460992_n.jpg 75481699_105763157559595_1312210477132021760_n.jpg