Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» дар Театри давлатии академии опера ва балет

30.12.2019

28 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантавии ҷоизасупории  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур,  волидайни иштирокдорон  ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Сипас  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун — 50 000 сомониро ба хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо бо гирифтани 253, 5 хол тақдим намуд.

Ҳамчунин   ғолибони чор номинатсия бо маблағҳои муайяншуда қадрдонӣ гардиданд:

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Сарфарозиддин Имрониддинов.

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан бо 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сарфароз гардид.

Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инҳо Озодаи Саид, Ҷурахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва  Сайрам Файзова мебошанд.

Гирандаи Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи хусусии «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо мебошад. Вай зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман дар даври шаҳрӣ  соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Аз рӯйи чор номинатсия низ иштирок намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардида буд. Ин ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардам, ташаббукори он Пешвои миллат мебошанд, зеро он кас бо ташкил намудани ин озмун тавонистанд шавқ ва рағбати насли имрӯзаро ба китобхонӣ бештар намоянд».

Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, аз иштирокчиён маҳорати баланд талаб намуд.

Дар ҷамъбаст барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ин озмун  беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рӯшан ва нури фурӯғи субҳи доноии тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардиданд.

Ҳадафи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани доираи васеи сокинони мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муйян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «…китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Бояд гуфт, ки имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Амр ва  сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмунҳоии ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  баргузор гардиданд.

Тавре дар Паёми навбатӣ 26 декабри соли 2019 Сарвари давлат таъкид намуданд, «минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.

«Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатӣ пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ ҳар сол  баргузор карда шавад.

http://khovar.tj/2019/12/yfvafyvamarosimi-tantavii-oizasuporii-oliboni-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-...