Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Эълон барои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020

08.02.2020

Ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 марти соли 2020  номзадҳои худро пешниҳод намоед.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда барои довталабон:
1.Тавсифнома оид ба фаъолияти меҳнатии  номзад;
2.Нусхаи варақаҳои аттестатсионӣ ва баҳодиҳӣ (барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ);
3. Мактуб оид ба пешниҳоди номзад барои дарёфти ҷоиза;
4. Қарори комиссияи озмунӣ оид ба пешниҳоди номзад;
5. Қарори мушовара, шӯрои педагогӣ, шӯрои олимон (замима 1);
6. Протоколи комиссияи баҳисобгирии овоздиҳии пинҳонӣ (замима 2);
7. Маълумотнома (объективка);
8. Нусхаи шиноснома;
9.  2 адад сурати рангаи 3х4;
10. Маводи иловагӣ доир ба фаъолияти номзад (рӯйхати корҳои таълимию методӣ ва илмӣ).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13А, тел: 227-67-07, 221.37.65:
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00 дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраҳои 400, 412

ТАРТИБИ мукофотонидани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф 

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006,
№238 тасдиқ шудааст. 

1. Муқаррароти умумӣ

Ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (минбаъд – Ҷоиза)  мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо,  роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мақомоти роҳбарикунандаи маориф, кормандони идора ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, кормандони Академияи илмҳои педагогӣ, ки дар раванди таълиму тарбия комёбиҳои барҷаста ба даст овардаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Ҷоиза аз 5 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 2 (ду) ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба доир мегардад.
Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

2. Меъёрҳои муайянкунандаи номзадҳо ба Ҷоиза
- муассисаи пешбарикунанда ҷои кори асосии номзад бошад;
- собиқаи кори омӯзгории номзад дар муассисаҳои таълимӣ аз 10 сол кам набошад;
- дастовардҳои азхудкунии тарбиятгирандагон, хонандагон, донишҷӯён дар се соли охир аз фанне, ки номзад таълим медиҳад, хуб бошад;
- натиҷаи фаъолияти беруназдарсӣ бо тарбиятгирандагон, хонандагон, донишҷӯён назаррас бошад;
- натиҷаи кори номзад ҳамчун роҳбари синф, роҳбари гурӯҳ хуб бошад;
- фаъолияти педагогии ӯ омӯхта ва паҳн карда шуда бошад (баромад дар семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, корҳои методӣ, баромад дар воситаҳои ахбори умум ва ғ);
- номзад иштирокчии озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии сол», «Муаллими сол», «Директори сол» бошад;
- номзад бояд муаллиф ва мураттиби дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ бошад;
- технологияи нави педагогиро дар дарс ва корҳои тарбиявӣ истифода барад;
- аз курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ гузашта бошад, дараҷа ва унвони илмӣ дошта бошад;
- шогирдонаш  дар озмунҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда бошанд; 

3. Тартиби пешниҳод ва баррасии номзадҳо ба Ҷоиза
Ба Ҷоиза номзадҳое пешниҳод карда мешаванд, ки дар фаъолияти илмию педагогӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардаанд.
Дарёфти Ҷоиза ба таври озмун дар якчанд давр гузаронида мешавад. Озмунро комиссияҳои босалоҳият, аз ҷумлаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои методӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф ва ғайра мегузаронанд.
Даври аввали озмун аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи маориф бо пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби шӯроҳои педагогӣ ва илмӣ гузаронида мешавад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳамчунин, муассисаҳои дигари илмию таълимии соҳаи маориф пас аз гузаронидани даври аввали озмун ҳуҷҷатҳои номзадҳоро барои дарёфти Ҷоиза ба вазорату идораҳои дахлдоре, ки ин муассисаҳои таълимӣ дар тобеияти онҳо мебошанд, барои баррасӣ, интихоб ва пешбарии номзадҳо ба даври ниҳоии озмун пешниҳод менамоянд.
Даври дуюми озмунро танҳо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар асоси пешниҳодоти даври аввал баргузор менамоянд.
Даври сеюми озмунро идораи маорифи ВМКБ, идораҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мегузаронанд ва ҳуҷҷатҳои номзадҳоро ба даври чоруми озмун пешниҳод мекунанд.
Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар асоси пешниҳоди даври сеюм ё даври пешини озмун даври навбатии озмунро гузаронида, то 1 июл номзадҳоро барои дарёфти Ҷоиза ба Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (минбаъд – Кумита) пешниҳод менамоянд.
Номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза дар ҳамаи даврҳои озмун ба таври овоздиҳии пинҳонӣ муайян карда  мешаванд.
Ғолиб номзаде ҳисоб карда мешавад, ки барои дарёфти Ҷоиза аз 3/4 ҳиссаи овози аъзои иштирокдоштаи Кумитаро гирад.
Қарори Кумита ҳангоми дар овоздиҳӣ иштирок кардани на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои ҳайати дар рӯйхатбудаи он салоҳиятдор ҳисобида мешавад.
Ба Кумита барои ҳар як мукофот на камтар аз 3 номзад пешниҳод карда мешавад.
Ба Кумита ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
 -тавсифнома оид ба фаъолияти меҳнатии номзад;
 -нусхаи варақаҳои аттестатсионӣ ва баҳодиҳӣ (барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ);
 - мактуб оид ба пешниҳоди номзад барои дарёфти Ҷоиза;
 - қарори комиссияи озмунӣ оид ба пешниҳоди номзад;
 - қарори мушовара, шӯрои педагогӣ, шӯрои олимон (замима 1);
 - протоколи комиссияи баҳисобгирии овоздиҳии пинҳонӣ (замима 2);
 - маълумотнома (объективка);
- нусхаи шиноснома;
- 2 адад сурати рангаи 3х4;
 - маводи иловагӣ доир ба фаъолияти номзад (рӯйхати корҳои таълимию методӣ ва илмӣ).
Кумита ҳуҷҷатҳои воридгаштаро баррасӣ намуда, даври ниҳоии озмунро мегузаронад ва ғолибонро муайян карда, дар муддати як ҳафта барои мукофотонидан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

                                                                             
                                                                                    Замимаи 1

                                                                       Ба Тартиби мукофотонидани
                                                                       Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии
                                                                       Тоҷикистон дар соҳаи маориф
НУСХА
аз қарори мушовараи (шӯрои олимон, (педагогии) ________________________
______________________________________________________________________
                                 (номи пурраи идораи маориф, муассисаи таълмиӣ)
аз  «   »  ______________ соли 20 ___              № ______________
шунида шуд: _________________________________________________________
                                                       (вазифа, ному насаб)
Оид ба пешниҳоди ____________________________________________________
                                                             (ному насаб, вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ)
номзад ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф барои соли 20 ___
Қарор карда шуд: ______________________________________________________
                                                           (ному насаб)
номзад ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф барои соли 20___    пешниҳод карда шавад.
Протоколи комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ замима мегардад.
Раиси мушовара                                        Котиби илмӣ (котиб)
(шӯрои олимон, (педагогӣ)
_________    _______________________                   ________   __________________
    (имзо)                   (ному насаб)                                                 (имзо)              (ному насаб)
           Ҷои муҳр 


                                                                                  Замимаи 2
                                                                       Ба Тартиби мукофотонидани
                                                                       Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии
                                                                       Тоҷикистон дар соҳаи маориф
ПРОТОКОЛИ
ҷаласаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо ___________________________________
________________________________________________________________________
аз ________________ соли 20____                   № ________________
________________________________________________________________________
                                                (ному насаб, вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ )
номзад ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи маориф барои соли 20___  пешниҳод карда шавад.
            Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҳайати зерин тасдиқ мекунанд:
________________________________________________________________________
Шумораи аъзои мушовара (шӯрои олимон, (педагогӣ) _________ нафар
Дар ҷаласа иштирок доштанд ________________________________нафар
                                               Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ:
«Тарафдор»  __________________________________ нафар
«Муқобил» ___________________________________ нафар
«Бюллетенҳои корношоям»          __________________________
 Раиси комиссия                              ___________________
                                                                 (имзо)
 Аъзои комиссия                             ________________________________________
                                                                 (имзо)
                                    Имзои аъзои комиссияи ҳисоботиро тасдиқ мекунам:
Котиби илмӣ (котиб)  ____________                         __________________________
                                         (имзо)                              (ному насаб)
           Ҷои муҳр